Дар “Корвон-Сити” ноболиғ 20 000 сомониро дуздид

Аз ҷониби кормандони милитсияи шаҳри Душанбе бо гумони дуздӣ писарбачаи 15-солаи сокини кӯчаи Деҳотии шаҳри Душанбе дастгир намуданд.

Аз ҷониби кормандони милитсияи шаҳри Душанбе бо гумони дуздӣ писарбачаи 15-солаи сокини кӯчаи Деҳотии шаҳри Душанбе дастгир намуданд, хабар додааст дафтари матбуоти Раёсати вазорати корҳои дохилии шаҳри Душанбе.

Тавре манбаъ қайд мекунад, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ, марди 43-солаи сокини кӯчаи Н.Қарабоеви пойтахт ариза кардааст, ки аз моҳи сентябри соли 2018 то моҳи марти соли 2019 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили мағозааш воқеъ, дар бозори “Корвон-Сити” 20 ҳазор сомониро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Манбаъ зикр намудааст, ки кормандони милитсия ҳангоми ҷустуҷӯ ноболиғ, писарбачаи 15-солаи сокини кӯчаи Деҳотии шаҳри Душанберо дастгир намуданд.

Дар ҳоли ҳозир ҳодисаи мазкур мавриди тафтишот қарор дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *