74 нафар ҳангоми оббозӣ ғарқ шуданд

74 нафар ҳангоми оббозӣ ғарқ шудандДар нимсолаи аввали соли равон, бинобар риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ, дар кишвар 74 нафар ба ҳалокат расиданд, ки 28 нафари онҳо кӯдакони то 16 — сола мебошанд. Бархе зиёд шудани ғарқшавиро ба набудани ҳавзҳои шиноварӣ рабт медиҳанд, ки ин чандон аз ҳақиқат дур нест

Дар нимсолаи аввали соли равон, бинобар  риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ, дар кишвар 74 нафар ба ҳалокат расиданд, ки 28 нафари онҳо кӯдакони то 16 — сола мебошанд. Бархе зиёд шудани ғарқшавиро ба набудани ҳавзҳои шиноварӣ рабт медиҳанд, ки ин чандон аз ҳақиқат дур нест.

88 ҳавз дар ҷумҳурӣ. Магар ин басанда аст?

 Тобистони имсола хеле гарм омад. Бино ба иттилои расмӣ, соли равон ҳарорати ҳаво то 43 дараҷа ва ба гуфти шаҳрвандон, ки бо ҳароратсанҷҳо вазъи обуҳаворо пайгирӣ мекарданд, то 50 дараҷа гарм шуд. Назарсанҷие, ки  сомонаи Тajikistantimes. com  вобаста ба ҳамин мавзӯъ миёни сокинони шаҳри Душанбе гузаронид, кариб 60 дарсади  сокинон аз гармӣ паноҳ меҷӯянд ва мехоҳанд дар мавзеъҳои шиноварӣ оббозӣ кунанд.

Аммо оё ҳамаи сокинони ҷумҳурӣ имкон доранд ба ҳавзҳои шиноварӣ барои тафреҳ намудан раванд? Ва умуман дар кишвар барои оббозии сокинон шароит мавҷуд аст?  Барои маълумот гирифтан доир ба вазъи ҳавзҳои шиноварӣ ва теъдоди он дар қаламрави ҷумҳурӣ  ҳанӯз 11 июли соли равон ба Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мактуб ирсол намудем, вале бо ваъдаи имрӯзу пагоҳ Абдулло Маҳмадализода, муовини  сардори раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва  Салимзода Карим, корманди шуъбаи иттилоот ва таҳлили ин кумита ба мо маълумот надоданд, ки ин амали онҳо мухолифи қонунҳои ҷорӣ аст. 

“Говамро фурӯхта фарзандамро мехононам” (Видео)

Чун кӯшишҳои мо барои ҳамсуҳбат шудан бо кормандони кумита натиҷа ндоданд, мо аз сомонаи ин ниҳод маълумоти зайлро пайдо кардем. Дар асоси маълумоти оморӣ, дар ҷумҳурӣ 9835 иншооти варзишӣ, новобаста аз шакли моликияташон, ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 88-тои он  ҳавзҳои шиноварӣ мебошад. Дар кадом шаҳру навоҳии қаламрави ҷумҳурӣ ҳавзҳои шиноварӣ фаъол ҳастанд, ба мо маълум нест.

Аммо суоле сар мезанад, ки барои як ҷумҳурӣ, ки  67 шаҳру ноҳия ва зиёда аз 9 миллион аҳолӣ дорад,  88 ҳавз, ки аксарияташ фаъолият намекунанд,  кам нест?

Ғарқи 140 нафар дар як сол

Соли 2018-ум 140 нафар дар дарёҳои кишвар, бинобар сабаби риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ, ғарқ шуданд. Сабаби аслии ин ҳаводис набудани ҳавзҳои шиноварӣ дар ҷумҳурист.

Барои мисол аксари сокинони пойтахт аз он шиква мекунанд, ки дар Душанбе ҳавзҳои шиноварӣ мавҷуд нест ва онҳо наметавонанд ба аквапаркҳои гаронарзиш роҳ ёбанд.  Бинобар ин, аксари волидон кӯдакони худро ба соҳили кли “Ҷавонон” меоранд.

Мунира, сокини шаҳри Душанбе  ҳангоми суҳбат ба мо гуфт:

— Ман ҳафтае 2-3 маротиба фарзандонамро ба кӯли “Ҷавонон” меорам. Аз сабаби гарон будани ҳавзҳои шиноварии шахсӣ  наметавонем, фарзандонро  ба он ҷо бубарем, зеро маблағи даромад  хеле гарон аст.

Аксари модарон, ки фарзандонашонро ба  кӯли “Ҷавонон” овардаанд аз он шиква мекунанд, ки дар соҳили кӯл болопӯш ва соябон нест ва фарзандонашон аз гармии офтоб азият мекашанд. 

Мушкилот дар Суғду Хатлон

Дар шаҳри Хуҷанд низ ҳавзҳои шиноварии зиёде амал мекунанд, ки аксарияти онхо пулакӣ мебошанд. Ҳамчунин, соли равон раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар соҳили рӯдхонаи Сир пляжи хурд ва шароити оббозӣ фароҳам овард.

Мадина, сокини  шаҳри Хуҷанд мегӯяд, ки Сирдарё барои оббозии кӯдакон амн нест, бинобар ин ӯ бештар фарзандонашро ба ҳавзҳои хусусӣ мебарад, ки аз 20 то 80 сомонӣ арзиш доранд. 

-Кӯдаконамро ҳар хафта барои оббозӣ ба “Наврӯзгоҳ” мебарам ва онҳо бо маблағи на он қадар зиёд дар он ҷо оббозӣ мекунанд.

Мушкилоти набудани ҳавзҳои шиноварӣ дар вилояти Хатлон низ мавҷуд аст. Дар шашмоҳаи аввали соли равон дар ҳудуди вилоят даҳ нафар ҳангоми оббозӣ ғарқ шудаанд, ки 6 нафари онҳо ноболиғанд.

Сардори бахши кор бо ҷомеаи Раёсати Кумитаи холатҳои фавқулода ва мудофиааи гражданӣ дар вилояти Хатлон Муродҷон  Муҳиддинов гуфт, ки шумораи ғарқшудагон нисбати ҳамин давраи соли гузашта 3 нафар кам мебошад. Ба гуфти ӯ, омили асосии ғарқшавии сокинон дар кӯлу рӯдҳои вилоят риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ, беназорат мондани кӯдакони ноболиғ аз тарафи падару модарон мебошад.

Оббозӣ намемонем, гурехта мераванд

Бо вуҷуди зиёд будани ҳодисаи ғарқшавӣ аксари сокинон мегӯянд, ки монеи ба соҳили рӯду дарёҳо давидани фарзандонашон шуда наметавонанд.

Маҳпора, сокини пойтахт мегӯяд:

— Чор фарзанд дорам, дар лаби рӯду каналҳо оббозӣ мекунанд. Пул нест, ки фарзандонамро ба  ҳавзҳои шиноварӣ барам. Он ҷойҳоро танҳо барои шахсони пулдор сохтаанд. Мо ба номаш дар шаҳр мешинем, аҳволи мо аз мардуми қишлоқ камие надорад. Фарзандонамро намегузорам, ки оббозӣ раванд, аммо онҳо гурехта боз мераванд.

 Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар натиҷаи набудани  мавзеъҳои оббозӣ ва шиноварӣ ба таври ройгон ҷавонону наврасон дар соҳили дарёҳои хавнок оббозӣ намуда, дар об ғарқ мешаванд.

 Умеда Юсуфӣ, котиби матбуотии  КҲФ мегӯяд, ки кормандони Раёсати ҳолатҳои фавқулода дар шаҳри Душанбе рейдҳои пешгирикунанда  дар соҳили кӯлу ҳавзҳои оббозӣ гузарониданд, вале сокинон ҳамоно дар ҷойҳои хавфнок оббозӣ мекунанд. 

Аз гармӣ ҷойи гурез нест, аммо солҳост, ки ба мушкили сокинон расидагӣ намекунанд ва шароит барои истироҳату оббозӣ ба вуҷуд намеоранд, ҳол он ки мо барои дастрасӣ ба об ва сохтани инфраструктура ҳамаи шароити табииро дорем.

Ширин Тоҳирӣ,  

Уғулой Қутбиддинзода,

“Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *