Дар Мӯъминобод шаҳу арӯсро куштанд

Дар маҳаллаи Мӯъминободи шаҳри Карочии Покистон як ҷуфти ҷавонро ҳамагӣ як моҳ баъди издивоҷашон хешутабори арӯс бо қарори Шӯрои қабила куштаанд. Танҳо гуноҳи Ҳодии 24-сола ва арӯси 20-солааш Ҳасинабибӣ ин буда, ки бидуни ризоияти волидонашон арӯсӣ карданд. Ҳар сол дар Покистон дастикам 500 нафар қурбони чунин қатлҳои номусӣ мешаванд.

Пулиси шаҳри Карочии Покистон хабар дод, ки як шаҳу арӯси ҷавонро дар маҳаллаи Мӯъминобод бо қарори Шӯрои қабила бо ҷурми поймол кардани анъанаҳои мардуми пашту дар чорчӯби қатли номусӣ худи хешовандонашон куштаанд.

Обид Балуҷ, разбари пулис гуфт, Ин ҷуфти баргаштабахт – Ҳодии 24-сола ва Ҳасинабибии 20-сола аз минтақаи Кӯҳистони вилояти Хайрбар-Пахтунхва якуним моҳ пеш бар хилофи хости волидонашон издивоҷ карданд ва 12 рӯз пеш аз ҷониби аҳли хонаводаи арӯс кушта шуданд. Обид Балуҷ гуфт, қарори қатли Ҳодӣ ва Ҳасинабибиро Шӯрои қабила баровардааст.

Ба гуфтаи ин мақоми пулис, дар робита ба ин қатли номусӣ алакай 9 нафар боздошт шуда, ба гуноҳи худ эътироф кардаанд.

Ҳодӣ дӯстдоштааш Ҳасинабибиро бо худ гирифта, аз Кӯҳистон ба Карочӣ фирор кард, вале хешовандонашон онҳоро дар инҷо низ пайдо карданд.

Мақомот ба ҷустуҷӯи ин ҷуфти ҷавон дар пайи муроҷиати соҳиби хонае, ки онҳо дар маҳаллаи Мӯъминобод иҷора менишастанд, шурӯъ карданд. Соҳибхона ба пулис гуфтааст, ки иҷорашинҳояш чанд рӯз боз нопадид шудаанд ва дар девори хона ҳам изи хунро дидааст.

Баъди куштан Ҳодӣ ва Ҳасинабибиро дар қабристони шари Иттиҳод гӯр кардаанд. Вале пулис гуфт, ки ба хотири анҷоми ташхисот ҷасади ҳардуро аз гӯр берун хоҳанд овард.

Ҳар сол дар Покистон беш аз 500 нафар қурбони қатлҳои номусӣ, як анъанаи бозмонда аз асрҳои қадим мешаванд. Шӯрои қабила маъмулан онҳоеро маҳкум ба қатл мекунад, ки бо кирдори худ аҳли хонавода ва қабилаашонро «шарманда” кардаанд.

Моҳи август дар шаҳри Карочӣ бо қарори ҷирга (шӯро)-и як қабилаи пашту як ҷуфти ноболиғро дар чорчӯби одати қабилавии кушторҳои номусӣ ба қатл расонданд. Пулиси шаҳри Карочӣ гуфт, аҳли хонаводаҳояшон бо қарори ҷирга(шӯрои қабила) Бахтҷони 15-сола ва ҷавони дӯстдоштааш Раҳмони 17-соларо дар чорпоя (як навъи кат) баста, ба бадани онҳо нирӯи барқ сар додаанд. Гуноҳи онҳо танҳо ин буда, ки ба якдигар дил бастаанд ва мехостанд аз хона гурехта, бо ҳам издивоҷ кунанд. Вале хешовандон аз қасди онҳо огоҳ шуда, Бахтҷон ва Раҳмонро аз роҳи фирор гардондаанд ва ҳалли масъаларо ба дасти ҷирга супурдаанд.

Моҳи июн дар минтақаи қабиланишини Хайбари Покистон аъзои як хонавода духтари 12-солаи худро баъди талоши фирор аз хона бо як ҷавони ҳамдеҳааш ба қатл расонданд. Ниёз Муҳаммад, ёвари раҳбари сиёсии ноҳияи Ландӣ Кутал гуфт, ин духтар рӯзи 23-юми июн фирор кард, аммо мақомоти амнияти маҳаллӣ ӯро боздошт карда, дар ивази кафолати ҷонаш ба хонаводаи ӯ таслим кардаанд. Аммо аъзои хонавода бар хилофи ваъда бар асоси анъанаи дифоъ аз номуси авлод ин духтарро рӯзи 27-уми июн ба қатл расондаанд.

Бино ба омори Комиссияи мустақили ҳуқуқи башари Покистон, танҳо дар соли 2014 дар Покистон 847 нафар – аксар занону духтарон – бар асоси одати қатли номусӣ кушта шуданд. Аксари чунин маҳкумшудаҳоро бо силоҳи оташфишон, бо корд ва ҳатто бо табар худи наздикони онҳо мекушанд. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, дар аксари мавридҳо нақши қотилро падарон, бародарон ваё шавҳарони ин занони маҳкум иҷро мекунанд.

Дар моҳи январи соли ҷорӣ як зан барои қатли номусии духтари 18-солааш ба эъдом маҳкум шуд. Гуноҳи духтар ин буда, ки бар хилофи хости хонавода мехост аз наздиконаш бурида, ба ҷавони дӯстдоштааш издивоҷ кунад.

Як сол пеш блогер ва модели маъруфи покистон Қандил Балуҷро бародараш дар кати хобаш буғӣ карда кушт. Ба ақидаи аҳли хонавода, Қандил Балуҷ бо нашри аксҳои, аз нигоҳи ҷомиаи муҳофизакори Покистон, урён обрӯи авлоди онҳоро доғдор кардааст.

Ба қатли номусӣ аз сӯи шӯрои қабоил асосан занону духтарон бо иттиҳоми доғдор кардани обрӯи хонавода ва қабила маҳкум карда мешаванд. Ҳомиёни ҳуқуқ ин одати ваҳшиёнаи бозмонда аз асрҳои қадимро маҳкум мекунанд.

Соли 2016 дар Покистон, дар пайи қатли Қандил Балуҷ бо дасти бародараш қонуне қабул шуд, ки муҷозоти шадидеро барои анҷоми чунин қатлҳои номусӣ пешбинӣ мекунад.

То он дам дар сурати аз гуноҳи қотил гузаштани хонаводаи ҷабрдида ӯ метавонист аз ҷавобгарӣ озод шавад. Вале азбаски ин қатлҳои номусӣ бо ризоияти худи аъзои хонавода сурат мегирифт, маълум буд, ки онҳо қотилро мебахшиданд ва вай аз муҷозот халос мехӯрд.

Анъанаи қатлҳои номусӣ дар Афғонистон низ бахусус дар байни паштуҳо зиёд дида мешавад.

Моҳи июли соли ҷорӣ дар як мард дар вилояти Бодғис баъди бо як ҷавони 18-сола аз хона фирор кардани духтари 14-солааш онҳоро пайдо карда, ҳардуро кушт. Баъди ин «куштори номусӣ” ин мард фирор карда, ба ҷунбиши Толибон пайваст.

Дар Тоҷикистон мавридҳои «қатли номусӣ” ангуштшуморанд, вале то ҳанӯз мушоҳида мешаванд. Дар соли 2012 дар шаҳри Турсунзода як ҷавон хоҳарашро ба танфурӯшӣ айбдор карда, кушта буд. Дар моҳи январи соли 2013 Мизробҷони Музаффар, як сокини шаҳри Кӯлоб хоҳари 17-солааш Озодамоҳро ба бадрафторӣ айбдор карда, бо рӯймоли сараш ӯро буғӣ карда, ба ҳалокат расонд.

Дар шаҳри Истаравшан дар соли 2016 пеш як ҷавон баъди шунидани овозаҳо дар бораи бадрафтории модараш бо корд модарашро кушт. Ҳамон сол як ҷавони дигар дар ноҳияи Ашт хоҳарашро бо айни иттиҳоми бероҳагардӣ ба қатл расонда буд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *