Дар Мадина писари Манзурхон  Додохонов ва ду писару занаш ҳалок шуданд

Бахтиёр Додохонов, писари собиқ роҳбари «Шарқи озод»  бо се узви оилааш дар шаҳри Мадинаи кишвари Арабистони Саудӣ ба ҳалокат расидааст.

 Ҷасади ин чаҳор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон — Бахтиёр Додохонови 33-сола, ҳамсар ва ду писари 10 ва 12-солааш дар як меҳмононаи шаҳри Мадина ошкор шудааст.Аъзои хонаводаи Додохоновҳо мегӯянд, ки зоҳиран ҷасадҳо рӯзи 5-уми март ошкор шуда, ин хабар ба онҳо рӯзи сешанбеи 6-уми март расонида шуд. Рӯзи 7-уми март хонаи Манзурхон Додохонов, собиқ раҳбари матбааи «Шарқи Озод» ва падари Бахтиёри Додохонов ба худ мотам гирифта буд.

Дар миёни хешу табор фарзияҳои мухталиф дар бораи сабаби марги ин афрод вуҷуд дорад. Аз ҷумла, мегӯянд, ки онҳо заҳролуд ва ё кушта шудаанд. Ҳанӯз ҳеҷ ниҳоде расмӣ на дар Арабистони Саудӣ ва на дар Тоҷикистон дар бораи ин ҳодиса изҳори назар накардааст.

Дар бораи Бахтиёр Додохонов мегӯянд, ки ӯ як соҳибкор ва ба тиҷорат дар Тоҷикистон машғул буд. Сабаби мусофирати онҳо ба Арабистони Саудӣ адои Умра будааст ва ба гуфтаи яке наздиконаш, онҳо тақрибан даҳ рӯз пеш ба Арабистони Саудӣ парвоз карда, билети баргаштро ҳам доштанд. Тибқи муқаррарот, мӯҳлати Умра барои зоирон 21 рӯзро дар бар мегирад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *