Дар мактаби хусусии Андиҷон 82 кас заҳролуд шуд

Дар яке аз мактабҳои хусусии вилояти Андиҷони Ӯзбекистон беш аз 80 нафар аз ғизо заҳролуд шуд.

Ба огаҳии Вазорати маорифи халқии Ӯзбекистон, ҳодиса 30 сентябр, ҳангоми истеъмоли ғизои нисфирӯзӣ рух додааст. 75 хонанда ва 7 омӯзгор аз ғизо заҳролуд шудаанд. Шоми он рӯз, тахминан соатҳои 7 бештари осебдидагонро ба беморхона интиқол доданд.

12 хонанда ба бемористони кӯдаконаи вилояти Андиҷон, 14 кӯдаку 3 омӯзгори дигар ба Беморхонаи ёрии таъҷилии Андиҷон интиқол ёфта, 49 хонанда ва 4 омӯзгори боқӣ дар бемористони касалиҳои сироятии ин вилоят бистарӣ шуданд.

Дар ҳоли ҳозир донишомӯзон ва омӯзгорон зери назорати табибон қарор дошта, вазъашон беҳтар мешавад.

Тайи даҳ рӯзи ахир ин бори чандум аст, ки аз заҳролудшавии гуруҳӣ дар Ӯзбекистон хабар дода мешавад. 27 сентябри соли равон 19 донишомӯзи боғчаи рақами 15-и Бекободи Ӯзбекистон низ бо нишонаҳои заҳролудшавӣ ба беморхона интиқол дода шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *