Дар Малайзия «Шоҳнома» муаррифӣ гардид
Бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон дар Малайзия дар ҳамкорӣ бо Пажуҳишгоҳи байналмилалии исломшиносии Малайзия (IAIS) ва Китобхонаи оммавии Селангор ба номи Раҷа Тун Уда таҳти унвони «Шоҳнома: шоҳасари адабӣ» барномаи фарҳангӣ баргузор гардид.
Сафири Тоҷикистон дар Малайзия Ардашер Қодирӣ оид ба саҳми барҷастаи Абулқосим Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-и ӯ дар ҳифз ва нигоҳдошти таъриху тамаддун ва забони тоҷикӣ сухан гуфт.
Иброз дошт, ки «Шоҳнома» ҳамчун нигораи адабии мардуми тоҷик яке аз ёдгориҳои барҷастаи қадимӣ дар адабиёти ҷаҳонӣ шинохта шудааст.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, намоиши мусаввараҳо, инъикоси филми мустанад дар бораи Ҳаким Фирдавсӣ ва «Шоҳнома», ки аз ҷониби Сафорат таҳия шудаааст ва пахши филми ҳунарии «Рустам ва Сӯҳроб» аз бахшҳои асосии чорабинӣ буданд.
Илова бар ин дар доираи чорабинӣ гӯшаи алоҳидаи фарҳангу санъати миллии Тоҷикистон пешкаши ҳозирин гардид, ки дар он меҳмонон бо маҳсулоти суннатӣ, ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон ва китобҳои «Шоҳнома» шинос гардиданд.
Намоиши мусаввараҳо барои тамошои оммавӣ то 17 октябри соли 2024 идома ёфта, мардуми маҳаллӣ имкон пайдо менамоянд, ки бо бузургтарин асари адабиёти тоҷик шинос гарданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ