Дар маросими ҷанозаи Абдуллозода ёрдамчии Президент иштирок кард

Имрӯз дар шаҳри Бохтар дар маросими ҷанозаи марҳум Аловуддин Абдуллозода ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насриддинзода Эмомалӣ, намояндагони Вазорати фарҳанг, вилояти Хатлон, шаҳрдори Бохтар ва ҳунармандони саршиноси кишвар иштирок доштанд.

Аловуддин Абдуллозодаро дар мазоре дар ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён ба хок супориданд. Наздиконаш гуфтанд, ки “ҳамаи хешу ақрабои мо ҳаминҷо дафн шудаанд. Ба ҳамин хотир Аловуддинро дар ҳамин мазор ба хок супоридем”.

Ёдовар мешавем, ки Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва ҳаҷвнигори хушном Аловуддин Абдуллоев субҳи имрӯз, 17-уми феврал дунёро падруд гуфт.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *