Дар марз 3 қочоқбари афғон нобуд шуд
Бар асари набард миёни сарҳадбонони тоҷик ва гурӯҳи қочоқбарони афғон дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон 1 марзбони тоҷик захмӣ ва 3 қочоқбар кушта шудаанд.
Бар асари набард миёни сарҳадбонони тоҷик ва гурӯҳи қочоқбарони афғон дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон 1 марзбони тоҷик захмӣ ва 3 қочоқбар кушта шудаанд.
Абдуллоҷон Раҳмонов, сардори отряди сарҳадии Шӯрообод рӯзи 15 апрел ба Tajikistan times аз тафсилоти ин даргирӣ хабар дода ва гуфт, ки ин ҳодиса соати 4 субҳи 13 апрел дар минтақаи Саричашмаи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (Шӯроободи собиқ) рух додааст.
Ба гуфтаи вай, сарҳадбонони тоҷик бо як гурӯҳи 8 нафарии қочоқбарони мусаллаҳи афғон, ки қасди вуруд ба ҳудуди Тоҷикистонро доштанд, вориди набард шудаанд.
Дар натиҷаи задухӯрд се қочоқбари афғон несту нобуд карда шуда ва аъзои боқимондаи гурӯҳ ба самти Афғонистон фарор кардаанд. Аз ҷумлаи сарҳадбонони тоҷик як сарбоз захм бардошта ва дар бемористон бистарӣ шудааст.
Ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бо бо манотиқи шимоли Афғонистон марзи 100 километрӣ дошта ва дар аксар маврид қочоқбарони афғон ба далели осонгузар будани сарҳад талош мекунанд маҳз аз ҳамин нуқта ба Тоҷикистон маводи мухаддир интиқол диҳанд.
Зимнан, дар моҳи январи соли ҷорӣ Тӯрахон Нурматов, сокини ин ноҳия ҳангоми бонӣ кардани чорво аз ҷониби қочоқбарони афғон рабуда шуда ва пас аз ду моҳ озод шуда буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ