Дар марз 3 қочоқчӣ кушта ва 1 нафар захмӣ шуд
19 апрел, соати 12:30 дар минтақаи «Сайёд”-и марзи Тоҷикистону Афғонистон дар ҷараёни як амалиёти муштараки марзбонони тоҷик ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бо як гуруҳи қочоқбар задухӯрди мусаллаҳона сурат гирифтааст. Дар ин задухӯрд се қочоқчӣ кушта шуда, як тани дигар захмӣ шудаанд.
Маркази матбуоти қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон аз як задухӯрди нави мусаллаҳона дар марз бо Афғонистон хабар дод.
Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон гуфт, ки ин задухӯрд рӯзи 19 апрел, соати 12:30 дар минтақаи назоратии дидбонгоҳи сарҳадии «Сайёд”-и Отряди сарҳадии «Ҳамадонӣ» дар ҷараёни амалиёти муштараки марзбонон ва кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) рух додааст.
Муҳаммад Улуғхоҷаев дар шарҳи ин задухӯрд гуфтааст: «Дар вақти убури ғайриқонунии марзи давлатӣ қочоқбарони афғон иборат аз 6-7 нафар бо сарҳадбонони тоҷик ва кормандони КДАМ ҶТ рӯ ба рӯ шуда, байни онҳо задухӯрди шадиди мусаллаҳона ба вуқӯъ омад, ки дар натиҷаи задухурди мусаллаҳона 1 нафар қочоқчӣ захмдор ва се нафари дигар безарар гардонида шуд. Боқимонда қочоқбарони афғон ба муқовимати хизматчиёни ҳарбӣ тоб оварда натавониста тариқи қамишзор ба самти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон фирор намуданд.”
Дар бораи кадом талафоте аз ҷониби Тоҷикистон дар ҷараёни ин задухӯрди мусаллаҳона гузориш нашудааст.
Маркази матбуоти Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ мегӯяд, ки «ҳангоми азназаргузаронии ҷои ҳодиса 2 адад яроқи оташфишони АКМС, 10 адад тирдон, 270 дона тири қутраш 7,62 мм, инчунин, маводи нашъадори «афюн” – 3 кг 500 гр, «ҳашиш” – 32 кг ва «ҳероин” – 10 кг дарёфт ва мусодира карда шуд.”
Рӯзи 21 марти соли ҷорӣ низ дар минтақаи сарҳадии «Ҳамадонӣ” байни марзбонони тоҷик ва қочоқбарони афғон як чунин задухӯрди мусаллаҳона сурат гирифта буд. Марзбонони тоҷик дар шарҳи он даргирӣ гуфтанд: «Ҳангоми убури ғайриқонунии марзи давлатӣ 4 нафар қочоқбарони афғон бо сарҳадбонон рӯ ба рӯ шуданд. Ба амри сарҳадбонон «яроқҳо ба замин” итоат накарданд, ки дар ин маврид байни онҳо задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ омад. Дар натиҷаи задухӯрди мусаллаҳона як нафар қочоқчӣ безарар ва як нафар захми гардида, боқимонда ба муқовимати сарҳадбонон тоб наоварда, тариқи қамишзор ақибнишинӣ ва ба тарафи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон фирор карданд.”
Он вақт низ аз маҳалли задухӯрд 32 кило маводи мухаддири навъи афюн ва беш аз як кило ҳашиш пайдо кардаанд.
Дар тӯли соли 2017 марзбонони тоҷик бо қочоқбарон ва марзшиканҳо асосан дар марз бо Афғонистон31 маротиба вориди задухӯрдҳои мусаллаҳона шудаанд. Дар ин даргириҳо 18 қочоқчӣ кушта ва 20 тани дигар дастгир шудаанд. Ҳамчунин моҳи декабри соли 2017 дар як даргирӣ бо қочоқчиён дармарзи Шӯрообод полковник Хайриддин Аҳтамов низ кушта ва се марзбони тоҷик захмӣ шуданд.
Дар тӯли соли 2017 дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон аз қочоқбарон дар маҷмӯъ 1 тоннаву 740 кило маводи мухаддир, асосан афюну ҳашиш ва банг ёфт ва мусодира шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ