Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон деворсозию роҳсозӣ бас шуд
Сокинони наздимарзии деҳаи Мақсади ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ба сохтмони девори сокини деҳаи Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон монеъ шуданд, ки чунин амалкард сабаби қатъшавии кори роҳсозии худи онҳо гардид
Ин баҳси марзӣ дирӯз 30 ноябр вақте сар зад, ки чанде аз сокинони деҳаи наздимарзии Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, хостанд атрофи хонаҳои худро бо девор маҳкам кунад.
Яке аз чунин сокинон Муродҷон Ҷӯрабойзода гуфта мешавад, ки хостааст корҳои сохтмониро дар хонааш ба иҷро расонад, аммо қирғизҳо монеъаи ин кори ӯ шуданд.
Замоне, ки вай ба деворкунии ҳавлиаш шурӯъ намудааст, сарҳадбонони қирғиз ба наздаш рафта ӯро нагузоштаанд, ки ба корҳои сохтмониаш идома диҳад.
Чунин рафтори сарҳадбонони қирғиз ба таҷаммӯъи шумори зиёди сокинон аз ду тараф ва сабаби мунозираи марзӣ гардидааст.
Аҳмадҷон Шукурзода, раиси ҷамоати Овчӣ-Қалъача дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, сокиноне, ки ба сохтмони девори хонаҳояшон машғул шудаанд, беш аз бист сол ба ин тараф дар деҳаи Қалъача зиндагӣ мекунанд ва он таърихан ҳудуди ноҳия Бобоҷон Ғафуров аст, аммо сарҳадбонони қирғиз он ҳудудро минтақаи баҳсӣ пиндошта ба монеаи кори сокинон шудаанд.
“Бо он, ки сарҳадбонони Қирғизистон ба сохтмони девори сокинони ҷамоат монеъ шуданд, мо ҳам талаб намудем, ки агар чунин аст, пас то ҳал шудани баҳси марзӣ сохтмони роҳи қирғизҳо, ки аз кӯчаи ҳудуди ҷамоати мо мегузарад боз дошта шавад. Мо мувофиқ ба амалкарди онҳо амал намудем”, – афзуд Шукурзода.
Раиси ҷамоати Овчи – Қалъача гуфт, ҳоло вазъи марз бо Қирғизистон ором буда, сокинони наздимарзии деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров паси кору бори рӯзгори худанд.
Овчӣ-Қалъача яке аз ду ҷамоати калонтарини наздимарзии ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон гуфта мешавад, ки бо ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ҳудуди 20 километр марзи муштарак дорад.
“Спутник”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ