Дар марзи Тоҷикистону Афғонистон,Чин дидбонгоҳ месозад

Ҳукумати Тоҷикистон тарҳи наверо тасвиб кард, ки бар пояи он Чин дар марз бо Афғонистон чор дидбонгоҳи сарҳадӣ ва як маркази таълимии низомӣ бунёд хоҳад кард. Ҷониби Пекин вазифадор аст, ки ин чор дидбонгоҳ ва маркази таълимиро аз ҳисоби маблағҳои грантӣ созад.

Чин, ҳамчунин, барои марзбонҳои тоҷик биноҳои маъмуриву хидматӣ, макони зист, майдонҳои тамринӣ, анбор ва иншооти дигари ёрирасонро бунёд карда, бо таҷҳизоту муҳимот таъмин хоҳад кард. Тарафи Чин ӯҳдадор аст, ки тарҳи сохтмони ин иншооти низомиро таҳия ва ба воситаи муҳандисонаш иҷро кунад.

Ҷониби Тоҷикистон дар навбати худ, бар пояи созишномаи тасвибшуда вазифадор аст, ки барои сохтмони иншооти мазкур замин ҷудо ва амнияти кормандони чиниро дар марз таъмин кунад. Банди сеи ин созишнома ҷониби Чинро аз пардохти ҳама намуди андоз, боҷҳои гумрукӣ ва пардохтҳои дигар, ки марбути сохтмонанд, озод мекунад.

Чин дар ҳоли ҳозир аз сармоягузорони аслии иқтисоди Тоҷикистон шумурда мешавад. Қарзи Душанбе аз Пекин аллакай марзи 1 миллиард долларро гузаштааст, ки он тақрибан нисфи ҳамаи қарзҳои хориҷии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Ин пулҳо асосан ба такмили сохторҳои зербиноӣ, аз ҷумла бунёди шоҳроҳу нақбҳо сарф шудаанд.

Ба ҷуз ин, Пекин ба Душанбе то соли 2018 боз сармояи 6 миллиард долларии дигар ваъда додааст, ки нисфаш барои сохтани 400 километр бахши тоҷикистонии хатти чоруми лӯлаи гази Осиёи Марказӣ – Чин ихтисос дода хоҳад шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *