Дар Маскав се тоҷикро дастгир карданд

ФСБ хабар дод, ки рӯзи 11 декабр дар ҳудуди ноҳияи Одинтсовои вилояти Маскав се зодаи Осиёи Марказиро бо иттиҳоми омодагӣ ба анҷоми ҳамлаҳои террористӣ дар рӯзҳои Соли нав ва интихоботи президентии Русия дастгир кардааст. Матбуоти Русия мегӯяд, боздоштшудаҳо шаҳрвандони Тоҷикистонанд.

Александр Бортников, раиси ФСБ – Хадамоти амнияти федералии Русия рӯзи 12 декабр дар як нишасти хабарӣ дар бораи натиҷаҳои фаъолияти ин ниҳод дар соли 2017 сӯҳбат кард. Бортников гуфт, дар соли ҷорӣ мақомоти амниятии Руусия аз 18 ҳамлаи террористӣ пешгирӣ карда, фаъолияти 56 шӯъбаи созмонҳои террористиро ошкор кардаанд.

Раиси ФСБ гуфт, охирин намунаи фаъолияти ФСБ амалиёти рӯзи 11 декабр дар ҳудуди ноҳияи Одинтсовои вилояти Маскав буд: «Дирӯз дар вилояти Маскав дар натиҷаи амалиёти вижаи ФСБ аз фахолияти як гурӯҳи зодагони Осиёи Марказӣ ҷилавгирӣ карда шуд. Онҳо қасди анҷоми ҳамлаҳои террористӣ, аз ҷумла бо истифода аз маргталабон дар рӯзҳои иди Соли нав ва дар ҷараёни маъракаи интихоботи президенти Русияро дар сар доштанд.”

Маркази робита бо ҷомиаи ФСБ дар иттилоияи расмиаш дар бораи амалиёти Одинтсово ҷузъиёти бештареро ироа кардааст. Бино ба ин гузориш, гурӯҳи террористӣ дар Одинтсово шӯъбаи хеле амиқан пинҳонкори созмони ДОИШ («Давлати исломӣ”) буд ва «фаъолияти ин шӯъбаи ошкоршуда аз хориҷ аз ҷониби раҳбарони ДОИШ идора мешуд.”

Маркази робита бо ҷомиаи ФСБ мегӯяд, ки дар Одинтсово се нафар дастгир ва як макони омода кардани бомбҳои худсохт ошкор карда шудааст: «Дар ноҳияи Одинтсовои вилояти Маскав манзили махфие ошкор карда шуд, ки дар он ҷинояткорон маводи таркандаро барои сохтани бомбаҳои худсохт омехта мекарданд. Дар натиҷа се узви гурӯҳи ҷиноӣ – зодагони кишварҳои Осиёи Марказӣ дастгир карда шуданд.”

Гуфта мешавад, аз боздоштшудаҳо ду бомби худсохт, ду автомати Калашников (АК-74), ду магазин бо 60 тири қутраш 5,35 мм, норинҷакҳои Ф-1 ва РГД, 2,5 кило прекурсорҳои лозим барои сохтани маводи тарканда, васоили алоқа ва дигар далелҳои шайъӣ ёфт ва мусодира гардида, лабораторияи бомбсозии онҳо аз байн бурда шудааст.

ФСБ аз ифшои исми боздоштшудаҳо худдорӣ карда, онҳоро танҳо «зодагони кишварҳои Осиёи Марказӣ” ном бурдааст. Вале расонаҳои Русия бо такя ба манобеи худ дар мақомоти амниятӣ хабар доданд, ки дар амалиёти Одинтсово се шаҳрванди Тоҷикистон ва як нафар аз Молдова дастгир шудаанд.

ФСБ мегӯяд, ба зидди афроди боздоштшуда бар асоси се банди Кодекси ҷиноятии Русия – 205.1(мусоидат ба фаъолияти террористӣ), 205.4 (ташкили фаъолияти террористӣ) ва 205.5 (ташкили фаъолияти созмони террористӣ ва узвият дар чунин созмон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд. Ба онҳо бар асоси ҳар кадом аз ин се банди қонуни Русия то 10 соли зиндон таҳдид мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *