Дар Маскав тоҷику қирғизро аз ғарқшавӣ наҷот доданд
Рӯзи якшанбе, 23 июн дар обанборҳои Маскав ду шаҳрванди хориҷӣ аз ҷониби гурӯҳи наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Русия аз об берун карда шуданд.
Рӯзи якшанбе, 23 июн дар обанборҳои Маскав ду шаҳрванди хориҷӣ аз ҷониби гурӯҳи наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Русия аз об берун карда шуданд.
Бино ба маълумоти дафтари матбуоти КҲФ шаҳри Маскав, соати 16-и вақти маҳалӣ шаҳрванди 22-солаи Тоҷикистон ба ҳангоми оббозӣ дар ҳавзи Люблин ғарқ шуд.
Кормандони гурӯҳи наҷоти КҲФ сареъан ба маҳали ҳодиса ҳозир шуда, ин ҷавони тоҷикро аз об берун кашиданд ва кумаки аввалияи тиббӣ расонданд.
Дар ҳодисаи дигар шаҳрванди 25-солаи Қирғизистон дар ноҳияи Кунсевои дар дарёи Маскав ғарқ шуда ва кормандони КҲФ ӯро наҷот доданд.
Дар ҳафтаи гузашта ду духтари мактабхони шаҳри Дубнаи вилояти Маскав марди тоҷикистониро, ки дар канали ба номи Маскав ғарқ шуда буд, наҷот доданд.
Бино ба иттилои сомонаи Mosregtoday, Екатерина Кукова ва Екатерина Василчуки 14-сола садои доду фарёдро дар наздикии канал шунида ва ба самти канал давидаанд.
Дар масофаи 4 метр дуртар аз соҳил марде дар об сарнагун афтода буд. Духтарон тавонистанд сари мардро аз об берун кунанд. Сипас, пулисро барои кумак фаро хондаанд.
Зимнан, дар моҳи ҷорӣ дар вилояти Свердловски Русия марди тоҷик ҳаёти кӯдакеро, ки аз тирезаи бинои баландошёна афтода буд, наҷот дод.
Моҳи декабри соли 2017 марди тоҷик ҳаёти худро ба хатар андохта аз миёни яхҳои дарёи Яузии вилояти Маскав занеро берун карда буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ