Дар Мастчоҳ амак ҷиянро кушт

Сокини деҳаи Эсизи ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ Мирзобоқиев Толиб Мулосангович барои ҷинояти вазнин-куштори ду шахс ба муҳлати 20 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд.

Ин марди хунсард ва бераҳму шафқат даррандаеро мемонад, ки аз оҷизию нотавонии ду тифлаки бегуноҳ истифода бурда, ҳардуро қасдан аз неъмати ширинтарини дунё-ҳаёт маҳрум намудааст. Ҳайратовараш он аст, ки кӯдакони берӯзии аз дасти ин азроили дупо ҷон ба ҷонофарин супурда барои ӯ бегона нестанд. Ин марди беинсоф ҷиянҳояш, фарзандони бародари ҳамхунашро басо бераҳмона буғӣ карда куштааст. Қотил муддати 9 сол аз худ мусичаи бегуноҳ тарошида мегашт, вале дар дунё ягон сирре нест, ки як умр пинҳон монад. Асрори кирдори ноҷавонмардонаи ин мард низ оқибат рӯйи об баромада, ӯро ба пушти панҷараи зиндон бурд.

Бародари бахтсӯз

Онҳо се бародаранд-Қурбон, Раҳмон ва Толиб Мирзобоқиевҳо. Қурбон бо дасисаи бародараш  Толиб аз зани якумаш бо 4 фарзанд ҷудо шуда, баъди чанде дубора хонадор шуд. Қурбон аз оилаи наваш ягон шикоят надошт, зеро ҷавонзани дидадаро, меҳрубон ва  меҳнатӣ буд ҳамсараш. Худованд ба онҳо пасопеш ду фарзанд ҳадя карда, бахташонро дучанд гардонд. Умедҷону Ситора мисли гулҳои баҳорӣ зебою боақл буданд. Қурбон зану фарзандонашро аз ҷонаш бештар дӯст медошт ва Худоро сад бор шукрона мекард, ки чунин неъмати бебаҳоро ба ӯ насиб гардонидааст, вале…

 Душмани худӣ

Фарзандони Қурбон ончунон хушрӯю дилҷӯй буданд, ки ба гуфти кампиракон гурги гурусна дар чиллаи зимистон онҳоро дар ҷангал тани танҳо бинад ҳам, дилаш ба хӯрданашон намешуд, вале як гурги дупои бераҳм дар рӯзи равшан қасди ҷони ин ду тифли маъсум намуд. Бегонаю ваҳшӣ не, худӣ буд ин гург ва амак ном дошт, аз ин рӯ кӯдакони ғофил аз нақшаи ин дарандаи одамсурату ҳайвонсират аз ӯ фирор накарданд, касеро ба ёрӣ ҷеғ назаданд, аз касе имдод наҷустанд. Ин ду тифли бегуноҳ ҳатто ба гӯшаи хаёлашон ҳам намеоварданд, ки амаки худашон, бародари падарашон қасди ҷони онҳо хоҳад кард…

Ташнаи интиқом

Зани дуюми Қурбон, модари Умедҷону Ситора аз кишвари ҳамсоя, Ҷумҳурии Ӯзбекистон буда, ба баду неки бародарони шавҳараш кор надошт, вале чӣ мегӯед, ки ситораи ин янгааш ҳам ба Толиби зотан тундхӯю арбадаҷӯй писанд наафтод. Вай кайҳо нисбати зану бачаҳои бародараш дар дил кинаю адоват мепарвариду барои аз янгааш қасос гирифтан пайти муносиб меҷуст. Ниҳоят он рӯзе, ки Толиб кайҳо боз интизорӣ мекашид, фаро расид…

Некии сархӯр

Қурбон ҳамроҳи аҳли оилааш дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия зиндагӣ мекард. Бародари дигари Толиб -Раҳмон низ дар ҳамин шаҳр мардикорӣ мекард. Толиб ба бародаронаш занг зада аз дарди сар шикоят кард ва аз онҳо хоҳиш намуд, ки ӯро ба Русия бурда, нағзакак  табобат намоянд. Бародарон ин хоҳиши ӯро хуш қабул карданд ва дере нагузашта, Толиб ба назди бародараш Раҳмон гӯё барои табобат рафт. Баробари ба сарзамини рус қадам ниҳодан фикри табобатро аз сар дур карда, ин марди ниқорҷӯй дар фикри чӣ тавр аз янгааш, яъне аз зани Қурбон қасос гирифтан афтод.

Меҳмонҳои ташнаи хун

Санаи 16-уми апрели соли 2008 Толиб ҳамроҳи Шавкатов Манучеҳр  гӯё зану фарзандони бародарашро хабаргирӣ рафт, вале дар асл вай дар дил нияти дигар дошт. Ин ҷавонмарди кинагир ба кишвари рус бо мақсади ниқорҷӯӣ омада буд ва мехост нақшаи ким-кайҳо тарҳрезӣ намудаашро амалӣ созад. Бо ҳамин мақсад меҳмонҳои ташнаи хун давоми як шабонарӯз ба соҳибони хона Курапова Н  ва писараш Курапов А бо ҳар баҳона шароб нӯшонда, онҳоро чунон маст карданд, ки дигар оламу одам аз ёдашон рафт. Санаи 17-уми апрел янгаи Толиб, модари Ситораю Умедҷон ба кор рафту хонаро хилват ёфта, ин гурги дупо ба ду кӯдаки бегуноҳ дарафтод. Толиб ва Манучеҳр аз танҳоӣ ва вазъияти оҷизонаи ин ду тифлаки бе пушту паноҳ монда истифода бурда, Ситора ва Умедҷони маъсумро буғӣ карда  куштанд.

Асрори халтаи сиёҳ

Ҷинояткорон баъди куштори бераҳмонаи ду тифлаки нотавон аз пайи рӯйпӯш намудани кирдори ҷинояткоронаи худ шуданд ва ҷасадҳоро ба халтаи сиёҳе андохта аз тиреза ба берун бароварданд. Соҳибхонаҳо ҳанӯз масту аласт хоб буданд. Аз фурсат истифода бурда, Толиб ва Манучеҳр ҷасадҳоро ба ҷангал бурданд. Ин амаки бераҳму беинсоф ҷисми беҷони ҷиянҳояш Умедҷону Ситораи нокомро ба як хандақи куҳна партофта, рӯйи ҷасади кӯдаконро бо пору ва хасу хошоки бисёре пӯшонд ва гӯё чизе нашуда бошад, сурудеро зери лаб зам-замакунон ҳамроҳи Манучеҳр оромона ба хона баргашт….

Вақте ки бегоҳ ҳамсари Қурбон аз кор баргашта фарзандонашро пурсид, додаршӯяш сад қасам хӯрд, ки бачаҳо қарибиҳои бегоҳ ба сайругашт баромада, бо ҳамин дигар ба хона барнагаштанд.

Мусичаи бегуноҳ

Дар аксари ҳолатҳо гунаҳгорон на танҳо ба гуноҳашон иқрор намешаванд, балки мехоҳанд айби худро ба гардани дигарон бор када, аз об хушк бароянд. Мирзобоқиев ҳам аз худ мӯсичаи бегуноҳ тарошида, мехост худашро сафед кунад. Қотил қасам болои қасам мехӯрд, ки танҳо бо мақсади табобат ба Русия рафта буд, вале бе ягон дорую дармон аз боду ҳавои ҷонбахши ин кишвар саломатиаш хуб шуда, ба зудӣ ба Ватан баргашт, аммо суд бо далелҳои шайъӣ ва шаҳодати шоҳидон, аз ҷумла баёноти маҳкумшуда Шавкатов Манучеҳр, ки дар ин ҷинояти вазнин бо ин амаки бераҳму шафқати ҷиянкуш шарик буд, гуноҳи ӯро исбот намуда, Мирзобоқиев Толиб Мулосанговичро бо моддаи 104, қисми 2 бандҳои “а,в,з”-и Кодекси Ҷиноятии  Ҷумҳурии Тоҷикистон (яъне одамкушӣ) гунаҳгор донист ва ба муҳлати 20  сол аз озодӣ маҳрум гардонд.

Ҷиянкушӣ мӯд мешавад?

Ин аввалин куштори кӯдакон аз ҷониби шахсони наздикашон нест. Соли гузашта айнан дар ҳамин шабу рӯз ҳодисаи шабеҳи ин рӯйдоди хунин дар Истаравшан ба амал омада, тамоми ҷомеаро ба по хезонд. Кормандони милитсияи шаҳри Истаравшан Мавлудаи Зиёдулло ном ҷавонзани 23-соларо боздошт намудаанд, ки ду кӯдаки хурдсол, писари хоҳаршӯй ва духтарчаи бародари худашро бо роҳи буғӣ карда куштан аз ҳаёт маҳрум намуда буд. Ин ду ҷиноят тайи як ҳафта рух дода, асрори куштори тифлакон баъди марги кӯдаки дуюм ифшо гашт. Дар ҳар ду ҳолат ҳам волидони кӯдакони марҳум  дилпур шуда, фарзандони хурдсоли худро муваққатан барои нигаҳбонӣ ба Мавлуда супурда буданд. Монандии ин ду куштор ба ҳамдигар дар он зуҳур меёбад, ки ҳарду ҳам барқасд, аз набудани волидони кӯдакони маъсум истифода карда, бо роҳи буғӣ кардан онҳоро куштаанд ва баъдан қотилон бо мақсади пинҳон кардани ҷинояти содирнамудаашон аз худ мусичаи бегуноҳ метарошиданд, вале…

“Давидани гӯсола то коҳдон” гуфтани халқ беҳуда нест, оқибат сирру асрори қотилон рӯи об баромада, ҳарду барои кирдори бераҳмонаи худ дар назди қонун ҷавоб гуфтанд. Акнун ин ду ҷиянкуш нисфи умри ҷавони худро дар пушти панҷараҳои маҳбас сипарӣ хоҳанд кард. Магар руҳи кӯдакони бегуноҳи куштаашон онҳоро ором мегузорад?!

Фирӯза Аҳмадзода, судя,

Фарзона Муродӣ, журналист.

 

Р/С

Вақте маводи мазкурро ба чоп омода мекардем, аз Вазорати корҳои дохилии ҶТ хабар расид,  ки як марди 30-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ  дар ҳолати мастӣ ҷияни ноболиғи 11- солаашро мавриди латукӯби шадид қарор дода, то ба марг расонидааст. Ҳодисаи лату кӯби ҷиян аз ҷониби амак санаи 12-сентябри соли равон, тахминан соатҳои 01:30 дақиқа рух додааст. Айни ҳол нисбати гумонбар парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *