Дар моҷарои Хоруғ хонандагони мактаб ҳам буданд?

Шодихон Ҷамшед, раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон бо баргузории як ҷаласа бо ҳузури мақомоти қудратӣ муноқишаи маргбори Хоруғро баррасӣ намуда, омили аслии ин муноқишаро мавҷуд будани силоҳ дар дасти мардум, кам будани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни ҷавонон ва беҷазо мондани бархе аз гунаҳкорони муноқишаҳои қаблӣ дар Хоруғ арзёбӣ кардааст. 

Тибқи иттилои расмӣ Зиёдулло Азизуллозода, сардори шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Хоруғ ба раиси ВМКБ гузориш додааст, ки дар муноқишаи маргбори 9-уми октябр дар маҳаллаи “Болнисен” дар баробари ҳалокати Фирӯз Одинашоев чанд нафари дигар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд. Ба гуфтаи Азизуллозода маҷруҳшудагон дар ин муноқиша дар беморхонаҳо бистарӣ нагардидаанд.

Шодихон Ҷамшед беҷазо мондани гунаҳкорони бархе аз ҷиноятҳои қаблиро яке аз сабабҳои сар задани ин муноқиша хонда, дастур додааст, ки гунаҳкори аслии қазия муайяну муҷозот шавад. Инчунин аз иштироки хонандаҳои синфҳои болоии макотиби миёна дар муноқиша изҳори нигаронӣ шуда, дастур дода шудааст, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ бештар карда шаванд.

Абдуваҳҳоб Искандарзода, сардори мақомоти милисаи вилоят ба Шодихон Ҷамшед гузориш додааст, якҷо бо мақомоти амнияти миллӣ корҳо барои боздошти гунаҳкори муноқиша идома дорад.

Дар пайи муноқишаи маргбори 9-уми октябр дар Хоруғ Фирӯз Одинашоев, сокини 33-солаи маҳаллаи маъруф ба “Болнисен” ҷон дода буд.. Феълан шахсияти нафаре, ки дар марги сокини 33-солаи шаҳри Хорғ даст дорад, муайян шудааст:

Мақомот шахсияти нафари муттаҳамро ифшо накарданд, аммо бархе манобеъ аз ӯ О.Бойназаров, сокини шаҳри Хоруғ ном мебаранд, ки таҳти пайгард қарор дорад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *