Дар моҳи март ним моҳ истироҳат мекунем

Бо назардошти рӯзҳои истироҳат ва рӯзҳои Иди модарону Наврӯз, моҳи марти имсол сокинони Тоҷикистон 14 рӯз истироҳат мекунанд.

Дар ин бора як манбаъ аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон хабар додааст.

Мутобиқи меъёрҳои қонуни Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», агар иди расмӣ бо рӯзи истироҳат ба рӯзҳои шанбе ё якшанбе рост ояд, рӯзи кории дигар истироҳат эълон мешавад.

Масалан, санаи 24 март ҷашни расмии Наврӯз ва рӯзи истироҳат буда, имсол он ба рӯзи шанбеи ҳафта рост меояд, аз ин рӯ, рӯзи душанбеи ҳафтаи оянда, яъне 26 март низ рӯзи истироҳат мешавад.

Қобили зикр аст, ки ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон расман аз 21 то 24 март таҷлил гардида, ин рӯзҳо истироҳат эълон шудааст.

Ҳамин тариқ, имсол моҳи март шаҳрвандони Тоҷикистон 14 рӯз: 3, 4, 8, 10, 11, 17, 18, 21, 22, 23, 24, 25, 26 ва 31-уми моҳи оянда истироҳат мекунанд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *