Дар мулки пуроб оби бепул нест!

Ҳукумати Тоҷикистон тартиби нави  маҳдуд ва ё қатъ кардани интиқоли оби ошомиданӣ ба мизоҷонро тасдиқ намуд.

Тибқи қарори Ҳукумат,ки  охири моҳи  октябр ба имзо расид, шабакаҳои обрасонӣ дар ҳолати қарздории мизоҷ метавонанд обрасониро қатъ намоянд.

Дар тартиби тасдиқкардаи Ҳукумат таъкид шудааст, ки қабл аз қатъи обрасонӣ мизоҷи қарздор бояд ду бор расман огоҳ карда шавад.Акнун мисраъҳои шоири тоҷик  бо тахаллуси Бепул,ки гуфта буд:”Ғам махур аз бепулӣ Бепул, ки дарё бепул аст…”маънои худро гум кард ва минбаъд бояд қарздорон сари вақт маблағи обро супоранд.

Инчунин ҳолатҳои дигари қатъи обрасонӣ муайян шудаанд. Аз ҷумла дар сурати садама ва ё бад шудани сифати оби ошомиданӣ интиқоли он қатъ мегардад. Зикр шудааст, ки меъёри сифати оби ошомиданиро мақомоти санитарӣ-эпидемиологӣ муайян мекунанд.

Дар баробари ин агар зарурати интиқоли оби бештар ба макони рух додани сӯхтор ва зарурати таъмири шабакаҳо ҷой дошта дошта бошад, Ҳукумат иҷозати қатъи обрасонӣ ба мизоҷонро додааст.

Аммо дар баробар ин,  соли равон дар шароити пандемия баланд бардоштани тарифи хизматрасониҳо, аз ҷумла неруи барқ, об, оби полезӣ, алоқа ва хизматрасониҳои коммуналӣ дар назар нест.  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *