Дар мулоқоти Маскав мавзӯъи афви муҳоҷирон норӯшан монд
Раисони ҷумҳури Русия ва Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ дар поёни музокирот аз боби афви муҳоҷирони тоҷик дар Русия ҳарфи мушаххасе назаданд.
Раисони ҷумҳури Русия ва Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ дар поёни музокирот аз боби афви муҳоҷирони тоҷик дар Русия ҳарфи мушаххасе назаданд.
Ҳарчанд дар хабари расмии Маркази матбуоти Президенти Тоҷикистон ба қисман ҳал шудани ин мушкил ишора шудааст.
Дар баёнияи Маркази матбуот омадааст: «Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кард, нисбат ба як қисми шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо сабабҳои гуногун будубоши онҳо дар Русия манъ гардидааст, афв эълон карда шавад.»
Ин манбаъ мегӯяд, ки Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ин пешниҳодро пазируфтааст.
Бино ба маълумоти Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон 200 ҳазор тан аз сокинони кишвар аз Русия ихроҷ шуда ва ҳаққи бозгашт ва фаъолият дар ин кишварро надоранд.
Худи Путин дар нишасти хабарӣ дар Кохи Кремлин дар рӯзи 17 апрел “аз фароҳам будани шароити мусоид барои фаъолият ва будубоши муҳоҷирони кории тоҷик ва аҳли хонаводаи онҳо” суҳбат кард.
Вай гуфт, ки дар Русия 1 миллиону 200 ҳазор муҳоҷири тоҷик машғули кор буда ва ба кишвари худ ба миқдори хеле зиёд маблағ мефиристанд.
Ин дар ҳолест, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон теъдоди муҳоҷирони тоҷик дар Русияро дар соли гузашта 480 ҳазор нафар арзёбӣ карда ва гуфт, ки “ин рақам нисбат ба даҳсолаи қаблӣ 50 дарсад коҳишро нишон медиҳад”.
Дар ҷараёни дидори расмии Эмомалӣ Раҳмон аз Русия миёни ин ду кишвар дар бахшҳои мухталиф 17 санади ҳамкорӣ имзо гардид.
Ҳамчунин, Владимир Путин гуфт, ки кишвар мақсад дорад дар Тоҷикистон 5 мактаб барои русзабонҳо бунёд кунад.
Раиси ҷумҳури Русия ба афзоиши табодули мол миёни Русия ва Тоҷикистон дар солҳои ахир таъкид карда ва гуфт, ки дар соли 2018 ин рақам 25 дарсад ё ки 1 миллиард долларро ташкил додааст.
Тоҷикистон умдатан ба Русия маҳсулоти кишоварзӣ содир мекунад. Тибқи иттилои расмӣ, дар соли гузашта мизони содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба Русия 40 дарсад боло рафтааст.
Дар ҳамин ҳол, Сергей Шойгу, вазири мудофиаи Русия хостори таҳкими бештари пойгоҳи низомии ин кишвар дар Тоҷикистон шудааст.
Ба гуфтаи вай, пойгоҳи низомии Русия дар наздики марзи Тоҷикистону Афғонистон ҷойгир буда ва тибқи маълумотҳои иктишофӣ шумори зиёди ҷангиён аз Сурия ба шимоли Афғонистон омадаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ