Дар Муъминобод кӯдакистони хусусӣ ифтитоҳ шуд
Бахшида ба ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод муассисаи томактабӣ ифтитоҳ шуд. Ин кӯдакистон хусусӣ буда, барои фарогирии 30 нафар кӯдак пешбинӣ шудааст.
Бо мақсади иҷроиши дастури Роҳбари давлат дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон барои фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуда истифода шуда истодааст. Бахусус, бунёди муассисаҳои нави томактабӣ, кушодани гуруҳҳои нав, ҷалб ва ташкили Маркази рушди кӯдак ба ин хотир аст.
Барои бунёди муассисаҳои нави таҳсилоти томактабӣ бо ҳавасмандгардонӣ ва ҷалби соҳибкорони ватанӣ корҳои зиёде ба анҷом расонида шуда истодаанд.
Дар ин бора хадамоти матбуоти Раёсати маорифи вилояти Хатлон хабар дод.
Машраби АЛОВИДДИН
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ