Дар навоҳии дурдаст низ марказҳои пешгирӣ аз ВНМО ташкил шудаанд
Айни замон дар Маркази пешгирӣ ва мубориза бо БПНМ-и вилояти Суғд 182 нафар бемор дар қайд ҳастанд. Бино ба гуфти корманди ин марказ-Абдусамад Бобоев ин шумо нисба ба ҳамин давраи соли 2021 бетағйир аст.
14 Маркази пешгирӣ ва мубориза бо БПНМ дар Суғд
Яке аз мушкилоти пешгирӣ аз ВНМО солҳои қаблӣ кам будани теъдоди Маркази пешгирӣ ва мубориза бо БПНМ буд. Барои иҷрои пурраи бадномаҳои давлатӣ алайҳи бемории ВНМО ва Пешгирии он сол то сол таваҷҷуҳи бештар дар ин самт зоҳир мегардад. Масалан, дар дурдасттарин шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ки чунин марказҳо вуҷуд надоштанд, ташкил карда шуданд.
Мувофиқи маълумоти масъулини Раёсати тандурустии вилоят маҷмуан дар ҳудуди вилояти Суғд 14 Маркази пешгирӣ ва мубориза бо БПНМ ташкил ва фаъолият мебаранд. Дар шаҳру навоҳии дурдасти вилоят, аз ҷумла ноҳияҳои Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ низ солҳо 2018-2019 чунин марказҳо ташкил карда шуданд.
Раҳшод Собиров (ном шартӣ аст) яке аз гирифторони бемории ВНМО аст. Сабаби мубтало шуданаш ба бемориро дар руй овардан ба айшу ишратпарастӣ ва муҳоҷирати тӯлонӣ медонад. Раҳшод, ки баъди хатми мактаби миёна аз сабаби танг будани шароити иқтисодӣ рӯй ба муҳоҷират оварда буд, дар ду сол як бор ба ватан меомаду ҳамагӣ 10 рӯз истода боз ба Рассия мерафт.
-Дар синни 24 солагӣ бо ҳамдеҳааш оиладор шуд ва баъди ҳамагӣ 7 моҳи оиладорӣ аз ҳам ҷудо шуданд. Раҳшод иқрор мешавад, ки қабл аз туй медонист, ки дар вуҷудаш беморӣ ҳаст ва барои ошкор нашудани сирраш на аз ташкихиси пеш аз туй гузашту на аз қайди САҲШ. Ба қавле туйи мусалмонӣ карду бе ЗАГС 7 моҳ ҳамзистӣ намуд.
-Ҳамсарамро дӯст медоштам, аммо 7 моҳ фақат ЗАГС кунем ЗАГС кунем, ё ту дар дигар ҷой зан дорӣ? Гуфта муноқиша барпо кардан мегирифт. Хостам аз Рассия рафтан пеш ҷудо шавам ва бо хотири ҷамъ муҷоҳират равам. Модарам гиря мекард, ки наход барои ҳамин рӯзҳо туй карда бошем, занам гиря мекард, ки ҳаёташро сӯхтаам. Хулоса модарам ҷиддан таъкид кард, ки якҷо ба назди духтур равед, фарзанд пайвандгари модар падар аст, бачадор ки шудед ҷангу ҷӯш кам мешавад.
Ман намехостам равам, аммо бо маҷбурияти модар ноилоҷ омадам, ки духтурон дар организми ман бемориро муайян карданд. Зани бе ин ҳам ҷанҷолиям серҷангу ҷидол шуд. Баъди аз маркази зидди ВНМО-и шаҳри Бӯстон омадан мутассифона талоқ талаб кард. Ман ҳам сари нофаҳмӣ бар замми он ки сарчашмаи беморӣ ҳастам талоқашро додам. Аз баҳри муҳоҷират баромада беш аз як сол аст табобат гирифта истодаам. Бовар дорам баъди табобат мисли дигарон пурра солим гардида оилаи солим бунёд мекунам ва минбаъд оиларо муқаддас мешуморам.
Фарзона МУРОДӢ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ