Дар Нигерия аз сокинон андозҳои гуногун меситонанд ва одамонро мекушанд
Бино ба гузориши хабаргузории РИА «Новости», дар иёлати Платои Нигерия даҳ нафар қурбони ҳамла шудаанд.
Ҳодиса дар ҷашнвораи ҳамасолаи Зерречи, ки қабл аз оғози мавсими кишоварзӣ баргузор мешавад, рух додааст. Гуфта мешавад, ки 19 нафари дигар захмӣ шудаанд. Ҷабрдидагон дар беморхона бистарӣ шудаанд.
Нигерия аз соли 2019 афзоиши якбораи ҳамлаҳои гуруҳӣ ба ғайринизомиёнро мушоҳида кардааст. Ҷинояткорон барои фидя гаравгон мегиранд, чорво медузданд, аз сокинон андозҳои гуногун меандозанд ва одамонро мекушанд.
Мақомоти кишвар барои мубориза бо бандитизм ҷузъу томҳои махсуси пулис ва низомиёнро ҷалб мекунанд, инчунин воҳидҳои милитсияи маҳаллӣ таъсис медиҳанд. Қаблан хабар дода шуда буд, ки тақрибан 200 роҳзани мусаллаҳ ба қаламрави фурудгоҳи байналмилалии иёлати Кадунаи Нигерия зада даромада, кори онро фалаҷ кардаанд.
Инчунин, маълум шуд, ки дар Нигерия террористон як қатори мусофирбареро, ки аз пойтахти Абуҷа ба сӯи шаҳри Кадуна ҳаракат мекард, таркондаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ