Дар ним сол беш аз 600 нафар барои кор ба Британияи Кабир рафтаанд

Дар 6 моҳи соли ҷорӣ 646 нафар шаҳрванди Тоҷикистон барои кор ба Британияи Кабир рафтаанд. Дар ин бора Қиёмиддин Давлатзода, муовин вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон иттилоъ дод.

Ба қавли Давлатзода, дар ин давраи соли гузашта 386 нафар ба ин кишвар барои корҳои мавсимӣ рафта буданд. “То ҳол беш аз 10 ҳазор нафар шаҳрванди Тоҷикистон барои кор дар Британияи Кабир ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ муроҷиат кардаанд”,- гуфт номбурда.

Маврид ба зикр аст, ки дар 30-солаи охир Русия самти аслии муҳоҷирати тоҷикон ба ҳисоб меравад. Ба иттилои Давлатзода, айни замон 663 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон тариқи патент дар Русия кор мекунанд.

Вале дар ин авохир шаҳрвандони Тоҷикистон кӯшиш мекунанд, ки ба кишварҳои дигар низ бираванд. Вазорати меҳнат ва муҳоҷират низ дар ин самт барномаҳое тарҳрезӣ кардааст.

Ба иттилои Давлатзода, дар 6 моҳи соли ҷорӣ шаҳрвандони Тоҷикистон ба кишварҳо зерин ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд:

Туркия — 99 нафар;

Латвия — 52 нафар;

Литва — 63 нафар;

Венгрия — 23 нафар.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *