Дар нишасти Самарқанд вазирони корҳои хориҷӣ аз Толибон чӣ хостанд?

Вазирони корҳои хориҷии чаҳор кишвар аз Толибон даъват кардаанд, ки ҳукумати фарогир ташкил кунанд. Ин нукта дар пайи натиҷаҳои конфронси вазирони кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, ки дар Самарқанд баргузор шуд, садо дод.

Давлати фарогир ҳамаи халқҳоро дар бар мегирад, яъне аз рӯи принсипи як давлат барои ҳамаи халқиятҳо ташкил карда шудааст. Аксарияти кулли давлатҳои ҷаҳони муосир фарогир ҳастанд.

Кишварҳо ҳамчунин ба Толибон пешниҳод кардаанд, ки ҳама гуна тадобири маҳдудкунанда алайҳи занон ва ақаллиятҳои миллӣ бекор карда шаванд ва ҳамчунин аз мақомоти Афғонистон даъват ба амал овардаанд, ки сиёсати хориҷии дӯстона, риояи қонунҳои байналмилалӣ ва ҳамзистӣ бо тамоми кишварҳои ҷаҳонро риоя кунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *