Дар ноҳияҳо аввалин будем: алоқа дар кӯҳҳо чӣ тавр пайдо мешавад

Қариб ҳар чорумин сокини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муштарии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» мебошанд. Чунин аст натиҷаи асосии кори раёсати минтақавӣ дар ВМКБ, ки моҳи октябр 13-солагии худро ҷашн мегирад. Директори он Раим Саданшоев дар бораи натиҷаҳои муҳимтарин маълумот медиҳад.

Раёсати минтақавии ВМКБ соли 2011 таъсис дода шуд. Кадом вазифаҳо он вақт дар назди шумо гузошта шуда буданд?

— Дар бозори телекоммуникатсионӣ ҷойгоҳи сазовор гирифтану тамоми сокинони вилоятро бо алоқа таъмин кардан аз муҳимтаринҳо буданд. Маълум аст, ки барои расидан ба чунин мақсадҳо заҳмати чандинсола лозим аст ва танҳо ҳозир мо ба натиҷаи дилхоҳ наздикем. Умуман дар давоми сенздаҳ сол бисёр корҳо анҷом дода шуданд. МегаФон Тоҷикистон дар ВМКБ зиёда аз 140 пойгоҳи базавиро бунёд кард, ки беш аз садтои онҳо танҳо дар соли 2012 сохта шуданд ва ин дастоварди воқеист. Мо нахустин шуда шабакаи 3G ва 4G-ро дар ҳамаи ноҳияҳои марказӣ ва ҷамоатҳои бузург, аз ҷумла мавзеъҳои дурдасте чун Ишкошим, Мурғоб, Дарвоз, водии Бартанг ҷорӣ кардем. То ҳол дар он ҷо танҳо интернети мо вуҷуд дорад, ширкатҳои дигар ин мавзеъҳоро фаро нагирифтаанд.

Сохтмони шабакаҳои хусусии таҳвили маълумот аз НТМ то Хоруғ ва аз Душанбе то Ванҷ аз ҷумлаи муҳимтарин лоиҳаҳо ба ҳисоб мераванд. Инчунин мо дастрасии собити баландсуръатро низ рушд медиҳем, ба мизоҷони корпоративӣ интернети ноқилиро пешниҳод менамоем. Ва ин дар ҳолест, ки ВМКБ — минтақаи дорои релефи хеле мураккаби кӯҳӣ буда, ҳар як лоиҳаи техникӣ ҳалли ғайримуқаррариро талаб мекунад. Масалан, яке аз хатҳои захиравии радиорелейии мо, ки барои таъмини алоқаи боэътимод зарур аст, аз қуллаҳои кӯҳҳо мегузарад.

— Оё теъдоди муштариёни ширкати МегаФон Тоҷикистон дар ВМКБ зиёд аст?

— Алоқаи мо барои 89% сокинони минтақа дастрас аст, аз ин рӯ, мо шабакаро инкишоф медиҳем. Қисми зиёди аҳолӣ аллакай аз хизматрасониҳои ширкат истифода мебаранд ва 80% онҳо муштариёни рақамӣ мебошанд, ки интернети мобилии баландсифат барои онҳо муҳим мебошад.

— Бо кадом натиҷаҳои фаъолиятатон шумо аз ҳама бештар ифтихор доред?

— Пеш аз ҳама, ба шарофати кори гурӯҳи мо алоқа ҳатто дар мавзеъҳои душворгузари ВМКБ пайдо шуд. Мо на танҳо одамонро ба интернет пайваст мекунем, балки онҳоро бо тамоми ҷаҳон мепайвандем, имкониятҳои навро барои муошират, таҳсилот, пешбурди тиҷорат фароҳам меорем. Рақамикунонӣ дар минтақа ба воқеият табдил ёфтааст ва ин ба сифати зиндагии мардум бевосита таъсир мерасонад.

Омили дуюм барои ифтихор – коллективи раёсати минтақавӣ мебошад. Он аз як коргар оғоз ёфта, ҳоло мо шонздаҳ мутахассис дорем. Ва ҳар кадоме – на фақат соҳибкасб, балки узви масъули даста мебошад. Итминон дорам, ки боварӣ ва дастгирии якдигар калиди асосии муваффақият аст. Аксарияти аъзоёни дастаи мо таҷрибаи гуногунҷанба доранд. Ин барои боз ҳам беҳтар дарк намудани ҳамдигар мусоидат карда, ҳароси амалисозии лоиҳаҳои мушкилтаринро аз байн мебарад!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *