Дар ноҳияҳои Спитамену Ҷаббор Расулов кишти пахта оғоз ёфт
Имсол пахтакорони ноҳияи Спитамен дар майдони 6000 гектар пахта кишт мекунанд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Спитамен ба кишти пахта оғоз бахшида, барои вусъатбахшии корҳои саҳроӣ, дар муҳлатҳои муқарраршуда ба охир расонидани кишти зироатҳо, риояи ҳатмии структураи кишти зироатҳо ба масъулин супориш дод.
Тавре ки аз Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд ба хабарнигори Pressa.tj иттилоъ доданд, кишоварзони ноҳияи Спитамен имсол азм доранд, ки дар майдони 6000 гектар пахта кишт намоянд.
Таъкид гардид, ки барои зиёд намудани ҳосилнокӣ пахтакорон аз тухмиҳои аълосифати ватаниву хориҷӣ истифода менамоянд. Ҳамчунин, ният доранд, ки соли равон ҳосилнокиро то 35 сентнер аз ҳар як гектар расонанд.
Бояд гуфт, ки соли гузашта дар ноҳияи Спитамен дар майдони 5700 гектар пахта кишт намуда, зиёда аз 14 ҳазор тонна тиллои сафед ҷамъоварӣ намуда, яке аз аввалинҳо шуда нақшаи ҷамъоварии пахтаро иҷро карданд.
Имрӯз, 27-уми март дар ноҳияи Ҷаббор Расулов низ кишоварзон ба кишти пахта шурӯъ кардаанд.
Фарзона Шамсиева
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ