Дар ноҳияи Ҷайҳун роҳҳо таъмир мешаванд (аудио)

Дар ноҳияи Ҷайҳун дар баробари мақомоти маҳаллӣ соҳибкорон ҳам дар таъмиру таҷдиди роҳҳои автомобилгард саҳм мегузоранд. Бо ҳиммати соҳибкорони ватанӣ ва саҳми сокинон давоми соли ҷорӣ бо харҷи беш аз 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ роҳҳо таъмир шуданд.

Шариф Саидҷонов, сардори Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Ҷайҳун дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки солҳои охир саҳми соҳибкорон дар таъмиру таҷдиди роҳҳо хеле зиёд аст. Ӯ мегӯяд, ки дар ин баробар сокинон низ дар беҳтар кардани ҳолати роҳҳои мошингард саҳм мегузоранд.

Ба таъкиди вай, барои нигаҳдории роҳҳои маҳаллӣ аз буҷети ноҳияи Ҷайҳун давоми сол 90 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст. То охири сол аз буҷет ҷудо кардани маблағи иловагӣ пешбинӣ шудааст.

Гуреззода Давлат, сардори Раёсати молияи ноҳияи Ҷайҳун мегӯяд, ки то имрӯз ба Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгард 90 ҳазор сомонӣ дода шудааст. “Боз то охири сол ҷудо кардани 70 ҳазор сомонӣ дар нақша аст”,-афзуд вай.

Ӯ мегӯяд, ки “дар соли 2021-ум барои таъмири роҳҳои мошингард аз буҷети ноҳия 150 ҳазор сомонӣ ҷудо шуда буд. Агар қисми даромад барзиёд иҷро шавад, шояд маблағи бештар ҷудо кунем”.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *