Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 60 синфхона месозанд

Феълан дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бунёди 60 синфхонаи иловагӣ идома дорад. Баъди ба охир расидани корҳои сохтмонӣ каму беш 1 ҳазору 500 ҷойи нишаст зиёд мешудааст.

Қосимзода Ғуфроналӣ, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки аллакай ҳашт синфхона дар назди муассисаи таълимии рақами 28, ду синфхона дар муассисаи таълимии рақами 39 ва чор синфхона дар назди муассисаи таълимии рақами 34 омода мебошанд. Ӯ мегӯяд, ки дар дигар синфхонаҳои иловагӣ низ корҳои сохтмонӣ идома доранд.

Ба таъкиди вай, ҳоло боми чор муассисаи таълимӣ ба таъмир ниёз дорад. Вале танҳо дар муассисаи таълимии рақами ҳафт таъмири бом рафта истодаасту халос. “Дар боми боқимонда муассисаҳои таълимӣ ҳанӯз таъмир оғоз нашудаааст”,- афзуд ӯ. 

Қосимзода Ғуфроналӣ афзуд, ки “қисмати бинои муассисаи таълимии рақами 45 дар ҳолати садамавӣ қарор дорад. Дар он бино хонандагон ба таълим фаро гирифта нашудаанд. Вале барои ташкил кардани ҷойи нишаст дар ин муассисаи таълимӣ сохтмони ду синфхонаи иловагӣ оғоз шудааст ва то моҳи декабр пурра ба истифода дода мешаванд”.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *