Дар ноҳияи Айнӣ 15 оила соҳиби хонаи нав шуданд (аксҳо)

15 оила дар деҳаи Искодари ноҳияи Айнӣ соҳиби хонаҳои нав шуданд. Хонаҳои 15 оилаи ин деҳа бар асари омадани сел вайрон шуда буданд.

18 октябри соли равон раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз номи Пешвои миллат  Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони деҳаи Искодар калиди хонаҳои истиқоматиро супорид.

Гуфта мешавад, ки 15 хонаи истиқоматӣ бо ҷиҳози зарурии рӯзгор таъмин карда шудаанд.

“Ҳар як манзили истиқоматӣ дорои долон, меҳмонхона, хонаи хоб, хонаи кӯдакон, ошхона, ҳаммом мебошад. Сокинон аз бунёди хонаҳои истиқоматӣ изҳори хушнудӣ намуда, миннатдории самимии худро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд”, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти раиси вилоят.

Ёдовар мешавем, ки 13-уми июли соли равон бар асари омадани сел дар деҳаи Искодар манзили зисти шаҳрвандон вайрон гардида буд. Акнун 15 оила соҳиби хонаҳои нав шуда, ба зиндагии худ идома медиҳанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *