Дар ноҳияи Ашт ҳам бозори “Меҳргон” фаъол шуд (аудио)

Дар ҳудуди маҷмааи фарҳангӣ-фароғатии “30-солагии Истиқлолият“ бозори “Меҳргон” дар шаҳраки Шайдон бунёд гардида, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Бино ба иттилои МИҲД-и ноҳияи Ашт, бозори мазкур бо тарҳи замонавӣ ва мувофиқ ба стандартҳои муосир сохта шуда, дорои 20 раста бо паҳноии 38 метр, мағозаҳои гуногун, нуқтаи фурӯши гӯшт, нуқтаи маҳсулоти гӯштиву ширӣ, нуқтаи омода намудани таъом аз гӯшти моҳӣ мебошад.

— Мавриди зикр аст, ки майдони бозор пурра мумфарш ва болопӯш гардидааст. Ҳоло дар бозор баробари соҳибкорони маҳаллӣ соҳибкорони дигар шаҳру навоҳии вилояти Суғд ҳам маҳсулоти худро ба фурӯш овардаанд. Аз ҷониби маъмурияти бозор соҳибкорони манотиқи дурдаст бо ҷойи хоб таъмин карда шудаанд.

Хабарҳои моро дар Телеграм пайгирӣ намоед: https://t.me/tojikistontimes

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *