Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ падар ба духтар дастдарозӣ кард
Бало танҳо намеояд
“Бало танҳо намеояд” гуфтани мардум беҳуда нест, дар як ноҳия куштор ё таҷовуз ба номус рӯй диҳад, қасд кардагӣ барин, ҳатман чанде пас дар ҷои дигар ҳодисаи ҳамранги он ба вуқуъ мепайвандад. Аз нашри мавод дар бораи ҳодисаи гӯшношунид-аз падари худаш писар зоидани духтараке дар ноҳияи Ҳисор ҳанӯз 10 рӯз нагузашта, ба гӯшамон овозаи боз чунин як рӯйдоди таассуфангез дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ (Кӯйбишев) расид. Сару садоҳо чунон бисёр буданд, ки кас сари калобаашро гум мекард. Яке иддао мекард, ки мард якбора домони ду духтарашро доғдор намудааст, дигарӣ ин овозаро рад намуда мегуфт, ки духтари хурдӣ покдоман буда, маҳз ӯ сирру асрори ин кирдори разилонаи падарашро фош намудааст. Барои фаҳмидани асли гап мо роҳ пеш гирифтем ҷониби ҷойи ҳодиса.
Лонаи чуғз
Ронандаи таксӣ моро ба деҳаи Якуми майи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бурда, дарвозаи кабудеро нишон доду гуфт:
-Хонае, ки шумо мекобед, ана ҳамин аст!
Роҳкироро дода аз мошин фаромадем. Дарвоза нимабоз ва аз роғи дар бемалол саҳни ҳавлиро дидан мумкин буд. Хона одияку хоксорона бошад ҳам, ҳавлии хеле тоза рӯбучиншуда аз он дарак медод, ки соҳибхона зани тозакор ва покрӯзгор аст. Бе пушт-пушт ба хонаи бегона даромаданро ба худ эб надида, “хола” гӯён садо кардем. Лаҳзае пас “лаббай” гӯён, як зани тақрибан 40-45- сола аз дар баромад ва аз рӯйи таомули тоҷикона”биё, бачам, биё” гӯён, моро ба хона муроот намуд. Азбаски ҳаво бениҳоят гарм буд, хостем дар рӯйи кат нишаста суҳбат ороем, вале апаи Сайрам мақсадамонро фаҳмида моро ба хонаи дарун даровард.
Танҳову гирёнам
-Тоқаю танҳо гиря карда шишта будам, хайрият, ки шумо омадед, ғубори одамро одам мебарорад,-оҳи сард кашид соҳибхона.
-Барои чӣ танҳоед?-Пурсидем кунҷкобона.
Чашмони апаи Сайрам ҳавзи об гаштанду бо садои базӯр шунаво пичиррос зад:
-Пештар дар ҳама маърака бологузар будам, вале аз рӯзе, ки ҳамин ҳодисаи нангин рӯй дод, радди маърака шуда мондам. Ҳамсояҳо “касофатхона” гӯён, аз дарам намедароянд, хешу табор аз мо ор мекунанд, ҳатто апаам, ки дар ҳамсоягӣ зиндагӣ мекунад, аз дарам намедарояд. Мабодо ба кӯча обгирӣ ё бо ягон кори дигар бароям, мардум маро дида, даррав дарвозаҳояшонро мепӯшанд ё махавро дидагӣ барин, рӯяшонро мегардонанд. Шавҳари худозадаам коре кард, ки дар назди дӯсту душман сархаму рӯсиёҳ шудем… Хайр, чӣ кор кунам, тақдир ҳамин будааст…
Ҳолати руҳии зан аз он гувоҳӣ медод, ки он чӣ мо шунидем, рост аст. Апаи Сайрамро тасаллӣ дода, хоҳиш кардем, ки ҳодисаро батафсил нақл кунад.
Шавҳарам панҷ вақт намоз мехонд
Ростӣ, намедонам ҳодисаро чӣ гуна шарҳ диҳам, ақли одам намегирад, ки чӣ тавр падар метавонад бо духтари худаш ин корро кунад… Шавҳарам Маҳмадлатиф 54- сола аст. Вақте ки соли 1983 оиладор шудем, шавҳарам на намоз мехонду на рӯза мегирифт. Бо зораю нола ӯро ба роҳи Худо даровардам. Панҷ вақт намозаш тарк набуд. Бойбача набошад ҳам, дар колхоз кор карда, рӯзамонро мегузаронд. Тракторчӣ, ки буд, кори ҳама ба вай меафтид. Намедонам се соли охир бо кӣ ҳамнишин шуду ӯро чӣ бало зад, ки якбора аз кӯчаи одамгарӣ баромада монд. Масту аласт ба хона омада, ҷангу ҷанҷол мебардошт, маро мезад, баъд фаҳмидам, ки ба корҳои ғайрахлоқӣ ҳам даст мезадааст касофат…
Писарам аз Москва занг заду…
-Шавҳаратон дар ҳолати мастӣ ин корро кардааст ё пештар ҳам нигоҳи бади ӯро ба духтаратон пайхас карда будед?
-Ростӣ, маст ё ҳушёр буданашро намедонам. Ҳамон рӯзи наҳсе, ки ин ҳодиса рӯй дод, сахт монда шуда, дар хонаи дигар дароз кашида будам. Фарши ҳамин хонаамон (хонае, ки мо дар он ҷо суҳбат мекардем) куҳнаю фарсудааст, аз сӯрохиҳои он бемалол таҳхонаро дидан мумкин. Духтари хурдиам барои чӣ ҳоҷате ба хона медарояду садоҳои шубҳанокро мешунавад. Аз сӯрохии фарш ба таҳхона нигариста, духтаракам бо чашмони худаш мебинад, ки падараш бо апааш… Худоё забонам ба такрор кардани он ҳодисаи нангин намегардад…
Апаи Сайрам рӯяшро бо кафи дастонаш пӯшонда боз ба нола кардан даромад. Вай чунон бо алам гиря мекард, ки гӯё ягон одами наздикаш мурда бошад.
Пас аз хеле гириста дилашро холӣ кардан соҳибхона нақлашро идома дода гуфт:
Шарфаи пояшро шунида чашонамро кушодам. Духтарам саросема ба сараш рӯймоли калонеро баста аз дар баромад. Авзои духтарам дар назарам беҷо намуд. Аз пасаш баромада садо кардам: “Ба куҷо меравӣ?” Духтарам “барои либосшӯӣ об мебиёрам” гӯён, сатилеро аз рӯйи ҳавлӣ гирифту ба сӯйи ман ҳатто нимнигоҳе ҳам накарда осемасар аз дар баромад. Ҳамон рӯз аз саҳар дилам худ аз худ сиёҳӣ меовард, аз паси духтарам бодиққат нигариста дидам, ки сатилро дар болои девори ҳамсоя гузошту тозон ба кӯчаи калон баромад ва дар як дам аз назар нопадид гашт. Ҳайрон шудам, ки ин духтар ба куҷо мерафта бошад.
-Шумо пас аз омадани милисаҳо аз ҳодиса дарак ёфтед?
-Не, аз байн 10 дақиқа нагузашта писари калониям аз Маскав занг зад. Овозаш ким-чихел гирифтагӣ ва маъюсу парешон менамуд. Хавотир шуда аз саломатиаш пурсон шудам. Писарам қариб гиря карда гуфт: “Ман хубам очаҷон, магар шумо аз ҳодисаи нангин хабар надоред?” Ҳайрон шуда пурсидам, ки чӣ гап шудааст. “Хоҳарам ба прокуратура рафт, то ба кормандони милитсия хабар диҳад, ки падарам ба домони духтари худаш дастдарозӣ мекунад…”
Ин гапро шунида хаёл кардам, ки касе якбора аз сарам як сатил оби ҷӯшомадагӣ рехт. Ҳангу мангам канда: “Э нее?!” гӯён, дар ҷоям шах шуда мондам. Ақлам ҳеҷ бовар намекард, ки шавҳарам бо духтари худаш чунин кори ҳаромро карда бошад. Ҳеҷ намехостам ба ин ҳақиқати талху нангин бовар кунам, вале…
Ғарию зӯрӣ
Гӯшаш аз куҷое бод бурдагӣ барин ҳамин вақт шавҳарам ба рӯйи ҳавлӣ баромад ва «падарлаънат духтаратро ба милисахона равон кардӣ, ки мана бурда суд кунанд” гӯён, сангеро ба сӯям ҳаво дод. Санг ба девор бархӯрда, дубора ба пойи худаш зад. Ғарию зӯрӣ гуфтагӣ барин, шавҳари касофатам маро чунон дашномҳои қабеҳ медод, ки гӯё на вай, балки ман ягон гуноҳи азим содир намуда бошам. Дар айни ҷангу ҷанҷоламон кормандони милиса омаданд ва ба дастонаш завлона заданду либосҳои духтарамро гирифта, таҳхонаро ба навор бардоштанд ва мардакамро пешандоз карда бурданд.
Дар милисахона беҳуш шудам
Вақте дар ин мавзуъ гап мезанам, гӯё дар талвосаи ҷонканӣ афтида бошам, тамоми вуҷудамро ларза фаро мегирад. Вақте ки моро барои пурсиш ба прокуратураи ноҳия даъват карданд, якбора чизе роҳи гулӯямро маҳкам карду беҳуш шудам. Дар назди прокурори калон низ чанд бор аз ҳуш рафтам. Маро ташхис карда гуфтанд ки бемории ҷоғар (зоб) дорад. Бад будани саломатиамро дида, муфаттишҳо асосан духтари хурдиамро, ки шоҳиди бевоситаи он ҳодисаи нангину гӯшношунид буд, саволборон мекарданд.
-Шавҳаратон чанд сол ҳукм гирифт?
-Росташро гӯям, ин ҳодисаи нангин маро он қадар пакар кард, ки чанд сол гирифтанашро ҳам нафаҳмида мондам. Духтари ҷабрдидаам гуфт, ки падарашро 18 сол аз озодӣ маҳрум карданд. Фақат як чиз дар ёдам мондааст. Дар сари суд ба ман ишора карда аз шавҳарам пурсиданд, ки ин занак ба ту чӣ мешавад? Ҷавоб дод, ки оилаам аст. Судя сар ҷумбонда гуфт: «Садқаи ҳамин хел зан шавӣ!»
Аз нангу номус худамро дор кашидам, вале…
Ҳарчанд кӯшиш мекунам, ки худро ба даст бигирам, намешавад. Нангу номус ва бо нафрат ба сӯям нигаристани мардум маро ҷонбезор кардааст. Шавҳарам ин номаъқулиро кардааст, охир айби ман чист?! Аз нигоҳи нафратбори худию бегона ҷонбезор шуда, як рӯз қасди худкушӣ намудам. Ба таҳхона даромада бандро ба гарданам андохта будам, ки аз куҷое келинам пайдо шуда доду фиғон бардошт, ки ҳой мардак давида биё, ки холам худашро дор кашидааст. Писарам давон ба таҳхона даромада бандро буриду маро аз ҳалқаи дор раҳо кард…
Духтарамро ба маъюб додам
-Ҳоло духтари ҷабрдидаатон дар куҷост?
-Пас аз ин ҳодиса духтарамро ба як ҷавони маъюб ба шавҳар додам, то ки аз шарми мардум худашро оташ назанад ё ягон балои дигарро ба сар наорад.
-Рост аст, ки шавҳаратон ба номуси ду духтаратон дастдарозӣ мекардааст?
-Не, инаш бофтаи мардум ва гапи дурӯғ аст. Духтари хурдиам пок аст.
-Чаро танҳоед? Магар фарзандонатон шуморо партофта рафтанд?
-Не, як писарам дар Русия кор мекунад. Шавҳарам аз бонк пул қарз гирифта мошин харид, вале кораш омад накард. Мошинро фурӯхта гов харид. Ду рӯз пас гови харидааш ҳаром мурд. Бечора писарам дар мулки мардум кор карда, ҳамон қарзи бонкро канда истодааст. Келинам духтари хуб ва бисёр меҳрубон аст. Бечора ҳамеша кӯшиш мекунад, ки маро аз банди дарду ғаму андуҳ раҳо намояд, вале… Имрӯз дар хонаи падараш маърака буд, келин хост маро ҳам ҳамроҳаш ба меҳмонӣ барад, вале дилам накашид…
-Чаро нарафтед? Одамонро дида ғубори дилатонро мебаровардед?
-Маро дида занҳои ба маърака омада боз миш-мишу пичир-пичирро сар мекунанд. Дилам бе ҳамин ҳам хуну зардоб аст, намехоҳам одамон бо неши забонашон захмҳои қалбамро аз нав хуншор намоянд. Насиби дидори шумо будааст, мана бо шумо вохӯрда дарди диламро гуфтаму камтарак сабук шудам. Аз роҳи дур омадаед, шинед, як пиёла чой нӯшида баъд меравед…, -Апаи Сайрам аз рӯйи таомули тоҷикона дар назди мо дастурхон оростан мехост, вале “ташвиш накашед, кори мо зиёд аст, бояд зудтар ба шаҳр баргардем” гӯён, бо ин зани аз рӯйи кирдори зишти шавҳари худобехабараш ба азоби алим гирифторшуда хайрухуш намудем….
Маҳинаи Давлат
Душанбе-А. Ҷомӣ-Душанбе
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ