Дар Новосибирск газ таркид. 3 нафар ҳалок шуданд
Бар асари таркиши газ дар як бинои панҷошёна дар шаҳри Новосибирски Русия ду даромадгоҳи он пурра фурӯ рафта, 3 нафар ба ҳалокат расидаанд
Инфиҷори газ дар Новосибирк дар биное дар кӯчаи Линейний рух додааст. Вазорати ҳолатҳои фавқулода гуфтааст, ки 300 метри мураббаъ масоҳати бино хароб шудааст.
Бино ба иттилои хабаргузории “ТАСС” бо такя ба маълумоти мақомоти маҳаллӣ, эҳтимол 7 нафари дигар зери вайронаҳо монда бошанд.
Анатолий Локот — шаҳрдори Новосибирск гуфтааст, ки сарнавишти 11 сокини бино номаълум буда, то кунун 11 нафар маҷруҳон ба бемористон интиқол дода шудаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ