Дар Оқсой қирғизҳо мошини боркаши тоҷикро сангборон кардаанд (аудио)

Як нафар корбари “Фейсбук” — Зубайдулло Шомадов бо пахши чанд акс дар ин шабакаи иҷтимоӣ аз рафтори қирғизҳо интиқод кард.

Бино ба иттилои ӯ, “санаи 20-уми январи соли 2022 дар ҳудуди деҳаи Оқсой қирғизҳо мошини боркашони тамғаи КАМАЗ-ро, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Асламов Н. идора мекарду ба деҳаи Ворух маҳсулоти ниёзи аввалия, аз ҷумла хӯрока мебурд, сангборон карданд. Дар натиҷа тирезаҳои мошин ва фарҳои он шикаст. Худи ронанда бошад, осеб дид”.

— Ин рафтори иғвобарангезонаи сокинони Оқсой бори дигар нишон дод, ки онҳо бо ҳар восита мехоҳанд вазъро номуътадил намуда, байни аҳолӣ низоъ ангезанд,- изҳори нигаронӣ мекунад Шомадов.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *