Дар пайи ҷустуҷӯи Сафияхон ду ҷасади дигар пайдо шуд

 Ғаввосони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар вилояти Суғд дар ҷараёни ҷустуҷӯи ҷасади Сафияхон Раҳматоваи 9-сола ҷасади ду занро пайдо кардаанд.

Онҳо 9-уми ферал ҳангоми ҷустуҷӯи ноболиғи ёдшуда ҷасади як зани 59-солаи сокини ҷамоати деҳоти Исмоили ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро пайдо кардаанд..

Ба гуфтаи хешовандонаш марҳум 21 январи соли равон аз хона берун шуда, дигар барнагаштааст ва то кунун ҳама талошҳои пайдо кардани ӯ ба нокомӣ анҷомида буд.

Ҷасади ӯро ғаввосон соати 13:20 дақиқаи рӯи 9-уми феврал 700 метр поинтар аз пули Хитой, дар мавзеъи ҷамоати деҳоти Ёваи рӯди Сир пайдо ва ба мақомоти дахлдор супурдаанд.

Ҳамчунин 12-уми феврал як зани 30-солаи сокини ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро пайдо кардаанд.

Ҷасадро дар мавзеъи ҷамоати деҳоти Ёва, ба тахмин як километр поинтар аз пули мошингузари Дӯстӣ, рӯбарӯи осоишгоҳи “Диёри Азиз” ёфтаанд.

Хешовандонаш гуфтаанд, ин зан рӯзи 23-уми декабри соли 2023 аз хона баромада, дигар барнагашта буд. Сабаби ғарқ шуданаш маълум нест.

Кумита мегӯяд, ҷустуҷӯи Сафияхони 9-сола бидуни танаффус идома дорад, вале ҳанӯз ҳам дақиқ нест, ки оё ӯ дар об ғарқ шудааст ва ё ба сабаби кадом ҳодисаи дигар нопадид шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *