Дар пайи мактуби шикоятӣ сардухтури Рашт аз вазифа барканор шуд

Сардухтури Шифохонаи марказии ноҳияи Рашт Қобилҷон Гиёев, ки бо табобати ғайримаъмули коронавирус байни омма шуҳрат пайдо кард, дар пайи ирсоли як нома аз ҷониби раиси ноҳияи Рашд аз вазифа барканор шудааст. Дар ин бора “Sputnik Тоҷикистон” хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки дар пайи як мактуби шикоятии Раҳимҷон Муқимӣ, раиси ноҳияи Рашт ба унвони вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ фармони барканор намудани Гиёев сурат гирифтааст.

“Муҳтавои ин мактуб ҳанӯз бароям рӯшан нест, аммо ин субҳ аз Ғарм занг заданд, ки зуд ба ноҳия баргардам, зеро фармони сабукдӯш шуданам аз сӯи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ имзо шудааст. Ҳоло меравам, ки дафтару калидро ба сардухтури нав таслим диҳад”, — гуфт Қобилҷон Гиёев.

Мавсуф аз ин ки ба ҷои ӯ чӣ касе ба курсии ӯ такя хоҳад зад, изҳори беиттилоотӣ кард. Аммо бино ба иттилои дарёфтӣ, ба ҷои ӯ Насриддин Солиев, сардухтури ноҳияи Рашт таъин шудааст. Мавсуф қаблан низ дар ин ноҳия сардухтур будааст.


Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *