Дар Панҷакент боз 1 гармхонаи масоҳаташ зиёд бунёд мешавад

Соҳибкор Муродқул Юсуфов дар шаҳри Панҷакент як гектар гармхонаи замонавӣ бунёд мекунад.

Муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода зимни шиносоӣ бо рафти бунёди гармхона ба иқдоми соҳибкор баҳои баланд додааст. Зимнан, номбурда идомаи чунин корҳоро барои таъмини амнияти озуқаворӣ муҳим арзёбӣ намудааст.

Бино ба иттили мақомоти шаҳри Панҷакент, ҳоло дар шаҳр  44 гармхонаи доимиамалкунанда бо масоҳати 14 ҳазор метри мураббаъ парвариши лимӯ, помидор, бодиринг, кабудӣ ва гул ба роҳ монда шудааст.

Давоми нимсолаи аввали соли равон боз 1 гармхона бо масоҳати 0.7 гектар ва бо дастгирии шарикони рушд 20 гармхонаи хурди оилавӣ сохта ба истифода дода шудаст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *