Дар Панҷакент Маркази оши палов бунёд мешавад
Дар шаҳри Панҷакент Маркази оши палов бунёд мешавад. Ин нахустин Маркази оши палов дар шаҳри Панҷакент аст. Он бо тарҳи миллӣ ва саҳми соҳибкор Абдушафеъ Ҳоҷиев бунёд хоҳад шуд.
Тавре ки аз ҳукумати шаҳри Панҷакент хабар доданд, ҳоло сохтмони Маркази оши палов бо тарҳу меъмории миллӣ идома дорад.
“Баъди анҷоми корҳо он ба гӯшаи истироҳат барои меҳмонон ва сокинони шаҳр табдил меёбад”-иттилоъ дод манбаъ.
Гуфта мешавад, ки баъди ба истифода додани иншоот беш аз сад нафар бо кор таъмин мешаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ