Дар Панҷакент сафи соҳибкорон афзудааст
Дар шаҳри Панҷакент 9666 соҳибкор сабти ном шуда, назар ба соли 2023 624 нафар бештар мебошанд.
Ин омор дар як чорабинӣ бахшида ба Рӯзи соҳибкорон дар шаҳри Панҷакент аз ҷониби масъулин пешниҳод шуд.
“Зимни ҳамоиш нақши соҳибкорон дар рушди соҳаҳои иқтисоду иҷтимоиёти шаҳр таъкид гардида, саҳми онҳо дар таъмини бозори дохилӣ, бунёди иншооти таъйиноти гуногун, бору мусофиркашонӣ, ғанӣ гардонидани буҷет, бо шуғл фаро гирифтани аҳолӣ, рушди сайёҳӣ ва дигар соҳаҳо муҳим арзёбӣ гардид”,-иттилоъ медиҳад Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент.
Ба гуфтаи раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода, дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар доираи лоиҳаҳои сармоягузорӣ бо фарогирии 74,2 ҳазор нафар баҳрагирандагон сардхона, агроҷангал ва боғҳои интенсивӣ, гармхона ва мурғхона бунёд шуд. Дар ин замина ба соҳибкорон дар ҳаҷми 226,8 миллион сомонӣ маблағҳои қарзи бонкӣ дода шуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ