Дар Панҷакент Афсаҳзодро посбони посбонон карданд

Чанд сол боз нимпайкараи яке аз бузургони адабиёти тоҷик, профессор, доктори илмҳои филологӣ, адабиётшинос, Аълохон Афсаҳзод дар шаҳри Панҷакент дар як ҷои назарногир гузошта шудааст.Пеш аз ин нимпайкараи Аълохон Афсаҳзод дар як боғи канори бинои ҳукумати шаҳри Панҷакент гузошта шуда буд, аммо соли 2008 қисме аз ин боғро барои сохтани майдони Исмоили Сомонӣ вайрон намуданд ва он вақт нимпайкараро аз ҷояш гирифта дар як кунҷи девори бинои Шӯъбачаи «Муҳофиза»-и ШВКД ҶТ дар шаҳри Панҷакент гузоштанд.Идораеро, ки шуғлаш ба муҳофизати сокинон ва корхонаҳову идораҳо мебошад, Аълохон Афсаҳзод гӯё посбони ин даргоҳ бошад…Аз он рӯз то ба ҳол бо гузашти қариб 10 сол нимпайкараи ин адиб ва адабиётшиноси шинохта дар ҳамин ҷо қарор дорад. Дар ин муддат 2 раиси шаҳр чанд муовинонва мудирони шӯъбаи фарҳанги шаҳри Панҷакентг иваз гардиданд, аммо тасмим ба ягон ҷои ҷамъиятӣ ва дар чашм аён кӯчонидани нимпайкараи Аълохон Афсаҳзод аз ҷониби ягон нафар гирифта нашуд. Ин дар ҳолест, ки дар деҳаи Шӯрчаи шаҳри Панҷакент, мактабе ба номи Аълохон Афсаҳзод вуҷуд дорад ва ҳадди ақал мешуд нимпайкараро ба ин мактаб оварда гузошт.Рӯзноманигорон ва адибони шаҳри Панҷакент борҳо масъалаи кӯчонидани нимпайкараро ба мактаби мазкур, ки номи ин адибро дорад, ба миён гузошта буданд. Масъулини шаҳри Панҷакент ҳам борҳо ваъда дода буданд, ки маъларо ҳатман ҳал мекунад, вале то ба имрӯз на пешниҳоди зиёиёни Панҷакент қабул гардиду на Аълохон Афсаҳзод ба дигар ҷо кӯч дода шуд. Солҳост, ки боз ҳамон нимпайкара зери барфу борон чашм ба сӯи бинои ҳукумат менигараду шояд нафари масъулиятшиносро интизор аст.Аълохон Афсаҳзод, адабиётшинос-шарқшинос, матншинос, мунаққиди тоҷик, доктори илмҳои филология , Ходими шоистаи илмиҶТ (1995). Узви ИН Тоҷикистон, профессор, 10 ноябри соли 1935 дар деҳаи Ворӯи шаҳри Панҷакент дида ба олам кушодааст.Аз ҷумлаи сермаҳсултарин адибони тоҷик ба шумор рафта, маҳсули қаламаш беш аз 600 таълифот (монографияҳо, рисолаҳои илмӣ, илмӣ-оммавӣ унвон мегардад.Доир ба ҳаёту фаъолият ва эҷодиёти шоирони бузурги Тоҷику Эрону Афғонистон пажӯҳишҳои илмӣ анҷом дода, дар ин бора даҳҳо китоб навиштааст.Дар баробари ин кинобу ҳикояҳои нависандагони шинохтаи аврупо ва русро ба забони тоҷикӣ тарҷума намудааст.Аълохон Афсаҳсод, солҳои 60-ум дар ҳамкори бо донишмандони институти Шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ осори Абдураҳмони Ҷомиро дар шаҳри Душанбе дар панҷ ҷилд ва дар шаҳри Теҳрон дар ҳафт ҷилд (ба алифбои арабии тоҷикӣ; 1999–2001) ба табъ расонд. Ин кори ӯ дар Эрон бо Ҷоизаи байналмилалии «Китоби сол» (2000) ва дипломи ёдгории «Баҳори озодӣ» қадр карда шуда аст.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *