Дар Панҷакент муҷассамаи Лоиқ Шералӣ ба хок яксон шуд

Муҷассамаи шоири шинохтаи тоҷик Лоиқ Шералиро аз маркази шаҳри Панҷакент барканданд.Сабаби кандани муҷассамаи Лоиқ Шералӣ, азнавсозии ин ҳайкал бо як тарзи зеботар унвон мешавад.

Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд ҳанӯз чанд моҳ пеш дар як ҷаласа дар шаҳри Панҷакент ваъда дода буд, ки аз ҳисоби буҷаи вилоят ба ҷои ин муҷассама ҳайкали нави устод Лоиқ гузошта мешавад. Гуфта мешуд, ки дар инҷо бинои нави маркази ҷавонон ба номи устод Лоиқ бунёд мегардад ва гирду атрофи ин бино низ бо фаввораҳо ва ҳайкали нави шоир оро дода хоҳад шуд.

Муҷассамаи Лоиқ Шералӣ бахшида ба муносибати 60солагии ӯ дар маркази шаҳри Панҷакент қомат афрохта буд.

Лоиқ Шералӣ –Шоири Халқии Тоҷикистон, барандаи ҷоизи давлатии ба номи устод Рӯдакӣ ва ҷоизаи байналмилалии «Нилуфар” 20-уми майи соли 1941 дар рустои Мазори Шарифи ноҳияи Панҷакент ба дунё омада, ибтидо омӯзишгоҳи омӯзгории Панҷакент ва баъдан риштаи таъриху забону донишкадаи омӯзгории Душанберо хатм кардааст.

Ӯ соли 1965, вақте ҳамагӣ 24 сол дошт, ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шуд. Як шарти асосӣ барои расидан ба узвияти ин созмони мӯътабари адабӣ нашри дастикам ду китоб буд, вале Лоиқи ҳанӯз бекитоб танҳо барои як шеър –»Ба кунҷи сандалӣ биншаста шабҳо модари пирам…” узви Иттифоқ шуд. Анъана буд, ки ҳар узви нав бояд намунае аз эҷодиёташро қироат кунад. Лоиқ ҳамон шеъри «Ба кунҷи сандалӣ…”-ро хонд. Қироати шеър дар ҳалқаи бузургони адабиёти тоҷик шоири ҷавонро дар арақ тар кард, вале шеъраш ҳамаро чунон ба ваҷд овард, ки муовини вақти раиси Иттифоқи нависандагонБоқӣ Раҳимзодааз ҷо баланд шуду ӯро ба оғӯш кашид ва ин байтро хонд:

Нозанине, ки дар арақ тар шуд,

Нозанин буд, нозанинтар шуд.

Лоиқ Шералӣ, ин дарахти нозанини шеъри тоҷик чандин китоби шеър, аз ҷумла «Сари сабз», «Илҳом» (1968), «Нӯшбод» (1971), «Соҳилҳо» бо силсилаи «Рубоиёти Хайём(1972), «Ташнадил»(1974, бо ҳуруфи форсӣ), «Хоки ватан»(1975) ва «Марди роҳ» (1978), «Хонаи дил» (1982) ва «Хонаи чашм» (1986) ва дар солҳои 90-ум «Фарёди бефарёдрас»-ро ба мухлисонаш ба ёдгор гузоштааст. Ҳифзи ормонҳои миллӣ ва муқаддасоте, чун забони миллӣ аз мавзӯъҳои аслии ашъори Лоиқ буд ва соли 1989, вақте забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ гирифту Бунёди забони тоҷикӣ таъсис ёфт, маҳз Лоиқро раиси ин сандуқ интихоб карданд.

Лоиқ Шералӣ 30 июни соли 2000, дар синни ҳамагӣ 59, дар авҷи камолоти эҷодиаш аз дунё рафт. Баъди маргаш, «Куллиёт”-и Лоиқ соли 2003 дар Хуҷанд ва соли 2008 нашри комилтари ин «Куллиёт” дар як ҷилд дар нашриёти «Адиб”-и Душанбе чоп шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *