Дар пеш — зимистони қаҳратунтарини 100 солаи охир

Олимони иқлимшиноси (климатологи)  аврупоӣ ҳама бо як садо мегӯянд, ки зимистони меомадагӣ қаҳратунтарин  дар 100 -солаи охир хоҳад буд. Махсусан барои Украина, Русия ва кишварҳои Аврупо.

 Сабаби ин ҳама на аз гармшавии глобалӣ, балки ба давраи нави иқлимӣ гузаштани кураи замин будааст. Дар солҳои наздик зимистони ба қавле “нарм”- ро мунтазир набошед. Чунки баръакси чанд соли охир вақте дар зимистон боридани борон аз барф зиёдтар ба мушоҳида мерасид. Ин зимистон ба маънои томаш сарду қаҳратун ва бо барфҳои пайдарпай меояд. Сардшавии ҳаво аллакай аз моҳи ноябр оғоз гардида, дар моҳи декабр сардии ҳарорат ба  -5 дараҷа мерасад.

Илова бар ин, дар ин зимистон камшавии фаъолияти офтоб низ дар назар аст, ки ин ҳолат дар солҳои 50-уми асри гузашта ба қайд гирифта шуда буд.

Боридани барф низ хело зиёд мешавад ва на танҳо дар Аврупое, ки дар он ҷо ба он одат кардаанд, балки дар Осиё низ, ки дар ин ҷо чанд даҳсолаи охир бориши барфи аз меъёр зиёд кам ба назар мерасид. Климатологи аз ҳама машҳури бритонӣ  Ҷемс Медден яке аз он олимони соҳа аст, ки пешомади зимистони қаҳратунтарин дар сад соли охирро пешгӯи кардааст. Вай дар муроҷиаташ ба мардум гуфтааст, ки “аз охирин рӯзҳои офтобӣ ба пуррагӣ лаззат баред, зеро дар октябир аллакай тирамоҳ ба  зимистон мубаддал мешавад” . Яке аз сабабҳои асосии сард ва дарозмуддат омадани зимистони имсоларо мутахассисон дар гармшавии беш аз ҳадди ҳарорати ҳаво дар уқёнуси Ором мебинанд.

Ин зимистон тахминан чунин мешавад:

 

 Ҳарорати ҳаво дар январ ва феврал ба -25дараҷа мерасад

 

 Шумо ба ин гуна сармо омодаед!?

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *