Дар пеши пойи Месси ва Роналдо барзагов мекушем!
Чанд рӯз пеш тими Русия бо Испания бозӣ дошт. Азбаски ҳисоб баробар- 1-1 буд, дар охир зарбаи 11 метра таъин намуданд.
Вақте Русия гол зад, ман ва шавҳару духтаронам аз ҷоямон парида хестам ва бо тамоми овоз “гоооооллл” гӯён, ҳамдигарро ба оғӯш гирифтем. Ҳамсояҳо дар нимаи шаб овози моро шунида ба ташвиш афтидаанд. Саҳар пурсиданд, ки дар хонаатон чӣ гап буд, магар ҷанг кардед? Хандида гуфтам, ки ин нидои шодмонӣ буд. Шодӣ барои ғолибияти Русия….
(“Давомаш дар шумораи 27-и ҳафтаномаи “Оила”)
Бо балвои занам додарамро куштам
Додарам ба ғазаб омада гуфт: “Ака, ин қадар занкалон буданатро нав фаҳмидам. Ба ҷойи занатро насиҳат кардан ту боз ба сари ман омадӣ?! Аз ин ҳол мурданат беҳтар аст…”
Бо шунидани калимаи занкалон хун ба сарам зад ва кордеро, ки барои реза кардани тарбуз оварда буданд, аз рӯйи дастурхон гирифтаму “ҳозир ман ба ту занкалонро нишон медиҳам” гӯён, ба дили додарам задам. Хун фаввора зада шорид, модарам бошад “бачама куштӣ” гӯён, худро ба рӯйи додарам партофт. Мани аблаҳ дарҳол аз кори кардаам пушаймон шуда ба хонаи ҳамсоя давидам.
Бо мошини ҳамсоя додарамро ба беморхона бурдем. Раҳораҳ хуни Диловар бисёр мерафт, ҳарчанд кӯшиш кардам, хунравиро нигоҳ дошта натавонистам.
(“Давомаш дар шумораи 27-и ҳафтаномаи “Оила”)
Ҳаҷи порахӯр, қарздор, майзада ва фоҳиша қабул мешавад?
-Барои шахси мусалмон ҳаҷ дар тамоми умраш як маротиба фарз аст.
—Ҳар кас метавонад ба зиёрати каъба равад ё ҳаҷ кардан шартҳои худро дорад?
-Тавофи Каъба агарчи фарз аст, вале на ҳар шахс қудрати ҳаҷ кардану ҳоҷӣ шуданро дорад, чунки ҳаҷ шарт ва талаботҳои хоси худро дорад. Касе, ки азми ба зиёрати хонаи Худо рафтан мекунад, бояд шахси озод, оқил, болиғ, тандуруст ва доро бошад.
—Магар одами бечораву камбағал ба зиёрат кардани хонаи Худо ҳақ надорад?
(“Давомаш дар шумораи 27-и ҳафтаномаи “Оила”)
Марде, ки се шавҳар дорад
Вақте ки ба ҳуш омадам, боз дар ҳамон таҳхона будам. Он чор буққа бо мани беҳушу бе ёд чӣ кор карданд, намедонам, вале вақте ки чашмонамро кушодам, пиво нӯшида, масхарабозӣ доштанд.
-Бин, ин гейи худозадая дар телефонам “съёмка” кардам, ҳозир дар “одноклассники” мепартоем, рафиқош дида, роҳат мекунанд,-масхараомез гуфт яке аз он буққаҳо.
-Ту девона шудаӣ сағера ё қаврта бо дасти худут кандан мехоҳӣ, ягон мент ҳамин наворора бина, ай таги замин ҳам боша, мора меёбанд,-сарзаниш кард рафиқашро “Бродяга”
(“Давомаш дар шумораи 27-и ҳафтаномаи “Оила”)
Мактаббача+ таътили тобистона =?
Намедонам, ки ҳозир лагерҳои кӯдакона вуҷуд доранд ё не, бошанд ҳам, бисёр қимат будагистанд, барои ҳамин ман ба истироҳатгоҳҳои бачагона фиристодани кӯдаконамро ҳатто орзу карда наметавонам.
Дар ин замона шиками фарзандонро базӯр сер мекунӣ, аз куҷо барои лагер пул мемонад?! Фарзандони бойбачаҳо дар лагерҳо дам мегиранд, ман барин одамони одӣ бачаҳояшонро ба деҳа мефиристанд, то ки каме ҳам бошад, аз ҳавои тоза нафас гиранд.
—Аз мазмуни гапатон чунин бармеояд, ки шумо бачаҳоятонро ба назди бобою бибиашон фиристодаед. Акнун тасаввур кунед, ки агар бобою бибӣ намедоштанд, чӣ кор мекардед?
-Ростӣ, дар ин бора ҳатто фикр кардан намехоҳам! Ҳозир фарзандонам дар хонаи падару модарам ҳастанду ман бо дили пур ба кор меравам, агар онҳо намебуданд, намедонам, ки чӣ мекардам.
(Давомаш дар шумоари 27-и ҳафтанмоаи “Оила”)
КЕНҶАДУХТАРИ МОДАРКУШ
Аз қаҳру ғазаб хун ба сарам зада бошад ҳам, симои ранҷуру чашмони раҳпои модарамро пеши назар оварда гуфтам:
-Гулҷон, бало ба паси мерос, шукронаи зинда буданат..
Гулчин бешармона хандида гуфт:
-Апаҳои азиз, аз мероси падарам умедатонро канед. Ман аллакай тамоми боигарии падарамро фурӯхта ҳамин хонаро харидам. Шумо ягон кор карда наметавонед, чунки ман дигар шаҳрванди Тоҷикистон нестам. Дар ин ҷо кори хуб ва зиндагии ширин дорам. Ман дигар ба шумо ва меҳрубониятон ниёзе надорам…
-Эй Худозада, модари бечораам дар ҳаққи ту обу адо шуд, ба меҳри ӯ ҳам ниёз надорӣ?! –Бехудона дод зад хоҳарам.
-Худатро надарон, ки ҳозир милисаро ҷеғ мезанам бурда, ҳабсат мекунад,-таҳдид кард Гулчин ва масхараомез илова намуд,-Дар ин ҷо шавҳари шикамбаи туро касе намешиносад, ки халосат кунанд!
(Давомаш дар шумоари 27-и ҳафтанмоаи “Оила”)
Ханда дар садамаи нақлиётӣ вафот кард?
Ханда ба никоҳи ин ҷавонмарди духтарбоз даромад, вале оилаи онҳо дер напоид.
Сабабаи ҷудо шуданашонро дар рост наомадани фикру ақидаҳояшон маънидод карда, вай мекӯшид, ки дубора дар интихоби бахт хато накунад. Талошҳояш барои ёфтани ёри ҳамдил ва ҳамфикр самар доданд. Аҷибаш он аст, ки ин зебосанам бахташро боз аз ҳамон сериали машҳури “Асри тиллоӣ” пайдо карда ба офарандаи нақши Мустафо ба шавҳар баромад.
Даҳҳо хонандагони ҳафтанома ба идораи “Оила” занг зада, зинда ё мурда будани ин зебосанами машҳур ва дилкашро пурсон мешуданд, зеро дар шаҳр ҳангома паҳн гашта буд, ки гӯё актрисаи турк Ханда Сорал ҳангоми ба истироҳатгоҳ рафтан ба садама гирифтор шуда, ҷо ба ҷо мурдааст…..
(Давомаш дар шумоари 27-и ҳафтанмоаи “Оила”)
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ