Дар пойтахт ҳам реҷаи барқ ҷорӣ шуд?

Набудани  барқ  дар ноҳияҳо ҳоло ба ҳукми анъана даромадааст ва имрӯз касе аз он дар тааҷҷуб нест.  Аммо аз афташ,  ҳоло “ Барқи тоҷик” шиори “бардорад зам кун”-ро моликияти истисноии худ қарор додааст, ки ин  анъанаро дар пойтахт ҳам ҷорӣ намудан мехоҳад. Аз 19 декабр инҷониб барқро дар гузари Чаноро ва Чаноро 2, ноҳияи Шоҳмансур,(кучаи  Акбар Махсумов) –и шаҳри Душанбе ҳамарӯза аз  соати 8 — и рӯз то 16 қатъ мекунанд.

Дар оғоз ин қатъкуниҳоро  ба “авария” вобаста мекарданд  ва гӯё ҳар рӯз барқи ин кӯчаҳо  ба садама дучор мешудааст. Аммо ҳоло  сабабашро  рӯирост ҷорӣ шудани реҷа мегӯянд. Ин реҷаи беэълон аз кай пайдо шудааст? Аз раиси маҳалла дар ин маврид суол кардем ва ӯ гуфт, ки навбатдори шабакаҳои барқи ноҳияи Шоҳмансур дар ин бора ба  ӯ гуфтааст ва ин реҷа то 1 январи соли 2024 идома меёфтааст.

Ба зангҳои пай дар паи мо телефони навбатдор (2272721), ки бояд ҳар лаҳза омодаи  занги муштариён бошад, ҷавоб намедод. Шояд ин як навъ тӯҳфаи солинавӣ ба сокинони ин маҳаллаҳо ба муносибати гароншавии нархи барқ аст?  Инашро аз роҳбарони “Барқи тоҷик” пурсидан лозим, зеро зердастонашон гумон доранд,ки муштариён зердасти онҳоянд ва лоиқи ҷавоб додан ҳам нестанд…

А. Аҳмадзода

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *