Дар Понғози Ашт бинои нуқтаи хадамоти оташнишонӣ бунёд мешавад (аудио)

Дар маркази ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашт бинои нуқтаи хадамоти оташнишонӣ тариқи ҳашар бунёд мегардад.

Дар ин бора дафтари матбуоти раиси ноҳияи Ашт хабар дода, афзуд, ки алҳол бо ҳадафи бунёди бино корҳои таҳкурсигузорӣ ҷараён дошта, бо мақсади дастгирӣ намудан раиси ноҳия ба маркази ҷамоати деҳоти номбурда ташриф оварда, бо сокинони маҳаллӣ суҳбати озоду самимӣ анҷом додааст.

— Зимни суҳбат Шуҳрат Муҳаммадзода баён дошт, ки бунёди бинои Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар ҷамоати деҳоти Понғоз саривақтӣ мебошад ва сокинони саховатпешаи ҷамоат дар ободониву созандагӣ дар сафи аввалинҳо қарор доранд,- афзуд манбаъ.

Мавриди зикр аст, ки дар ҷамоат беш аз 32 ҳазор аҳолӣ дар 4 деҳа зиндагӣ доранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *