Дар пушти «аммо»-ҳо чӣ меистад?

Мо макотиби олиямонро танқид карда, аммо барои донишҷӯ шудани фарзандонамон ҳама имконотамонро сарф мекунем.

Мо аҷоибем. Ҳамаамон аз сифати таълими макотиби олиямон менолем, аммо боз кӯшиш мекунем, ки фарзандонамон донишҷӯ шуда, бо ҳамин методи таълим соҳибкасб шаванд. Ва далели равшан аз 123 000 хатмкунандаи синфи 11-ум довталаб шудани 98 840 нафари онҳо мебошад.

Ҳамаамон бекории баъди дипломдорӣ ва таҳсил дар мактаби олиро зоеъи вақту маблағ мешуморем, аммо розӣ ҳастем, ки тамоми роҳҳоро истифода бурда, фарзандамонро донишҷӯ кунем. Ва ба зоҳир аз донишҷӯ шудани фарзандамон дар макотиби олӣ ношоду дар ботин бисёр хурсандем.

Ва ин ҳеҷ ҷои тааҷҷуб ҳам надорад, чунки мо кам-кам ба фикре мезием, ки ҳар хатмкунандаи мактаби миёна дар дилхоҳ мактаби олӣ 4-5 сол рафтуомад кунад, вай бояд ҳатман мутахассис шавад ва дарҳол бо маоши 5000 сомонӣ ба кор дарояд.

Пас саволе пайдо мешавад, ки пушти ин ҳама “аммо”-ҳои мо чӣ меистад?

Мардуми мо хуб медонанд, ки макотиби олии мо макони тавлиди идеяҳо, ғояҳо, фикрҳои созанда, умед, орзу ва мақсадҳои кулли толибилмон мебошанд. Дар донишгоҳу донишкадаҳоямон таҳсил кардани фарзандонашон боиси худсозӣ, худинкишофдиҳӣ ва худёбии онҳо мегардад.

Аз ҷониби дигар. Забони мо бадгӯ аст. Танҳо бадиҳоро, нуқсҳоро ва норасоиҳоро мегӯяд, зеро забонро фиреб карда мешавад, вале дар диламон ҳамеша фикрҳои хубу созанда шуъла мезанад, чунки дилро фиреб карда намешавад. Пас, биёед, дилу забонамонро як карда, худу дигаронро фиреб надиҳем.

Ҳ. ТОҲИРӢ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *