Дар рӯзҳои фархангии Тоҷикистон дар Узбекистон кӣ иштирок мекунад?

Аз 10 то 14 октябри соли равон дар шаҳри Тошканди Узбекистон Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон баргузор мешавад.

Аз Вазорати фарҳанги кишвар хабар доданд, ки барномаи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Узбекистон аз намоиши аккосии “Тоҷикистони муосир”, намоиши “Китобҳои Тоҷикистон” намоиши ду филми пурраи Носир Саидов — “Қиёми рӯз” ва “Муаллим”, намоиши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи консертии устодони санъати тоҷик иборат аст.

Ба иттилои манбаъ, дар шаҳри Тошканд барномаи консертӣ бо иштироки Давлатманд Холов, Афзалшо Шодиев, Саидқул Билолов, Фотима Машрабова, Шарофат Усмонова, Амирҷон Рӯзиев, Хуршед Иброҳимов, Муҳаммадрафӣ Кароматулло, Дилноза Каримова ва Дамирбек Олимов дар назар аст: “Санъати рақси миллии тоҷикро дар Узбакистон Ансамбли овозадори рақсии “Зебо” муаррифӣ хоҳад кард”. 

Аз 10 то 13 май дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳангии Узбекистон баргузор шуда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *