Дар Рамазон нӯшидани пиво иҷозат аст? Посухи Ҳоҷӣ Мирзо
Ҳоҷӣ Мирзо — руҳонии номдори кишвар дар мавриди нӯшидани пиво дар моҳи Рамазон суҳбат кард.
Бахтиёр ном сокини Душанбе аз Ҳоҷӣ Мирзо чунин суол кардааст:
— Ба пиво сахт одат кардаам. Дар ифтор пиво нӯшам, рӯзаам фосид намешавад?
Ҳоҷӣ Мирзо чунин посух медиҳад:
— Пиво гуфта, оби ҷавро мегӯянд. Оби ҷаве, ки градус ё ҳарорат надорад ва дар зарфаш “ғайриалкоголӣ” буданаш дарҷ гашта бошад, нӯшиданаш боке надорад. Ҳамин гуна маҳсулот аз Эрону Покистон ва Дубай меояд. Пивое, ки ҳатто як градус алколог дорад, нӯшиданаш ҳаром аст!
Хабарҳои моро дар Телеграм пайгирӣ намоед: https://t.me/tojikistontimes
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ