Дар Рашт ноболиғи 12 — сола аз баландии 40 метр сарозер шуду фавтид

Як ноболиғи 12 — солаи сокини ҷамоати деҳоти Ҳоити ноҳияи Рашт бо мақсади ҷамъоварии чукрӣ ба кӯҳи назди деҳаашон рафта, фавтидааст.
Дар ин бора КҲФ кишвар хабар медиҳад. Тибқи иттилои манбаъ, ҳодиса наздик ба соати 10-и субҳ, рӯзи 21-уми апрел рух додааст.
Бинобар баъди боронҳои пуршиддат лағжонак будани замин дар кӯҳҳо, ин писарбачча лағжида, аз баландии 40 метр ба поён сарозер шудааст.
Дар натиҷаи бархӯрдҳои сахт ба сангу реги кӯҳ ҷароҳатҳои зиёд бардошта, дар бемористон ба ҳалокат мерасад.
Дар ҳамин робита Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон аз сокинон хоҳиш мекунад, ки фарзандони ноболиғи худро беназорат нагузоранд, онҳоро танҳо ба кӯҳҳо барои ҷамъоварии ҳезуму доруворӣ ё моҳидорӣ ба соҳили обҳо нафиристанд.
Бахусус, рӯзҳои борониву баъди борон рафтан ба кӯҳу доманакӯҳҳо хатарнок аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *