Дар роҳҳои осебпазири Тоҷикистон 51 долони зиддитармавӣ сохта мешавад

Дар қитъаҳои осебпазири роҳҳои мошингарди Тоҷикистон 51 долони зиддитармавӣ сохта мешавад.

Масъалаи марбут ба сохтмони 51 долони зиддитармавӣ бо дарозии 5,2 километр дар қитъаҳои осебпазири роҳҳои мошингард дар мулоқоти Вазири нақлиёти Тоҷикистон  Азим Иброҳим бо роҳбари бахши нақлиётии Фонди авруосиёии муътадилсозӣ ва рушд (ФАМР) Александр Рашиков дар Душанбе баррасӣ гардид.

Дар ин бора вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар додааст.

Дар мулоқот ҳамчунин муовини якуми Вазири нақлиёт Раҳим Бобозода, Директори МД «Маркази татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи автомобилгарди «Душанбе-Чанок» дар назди Ҳукумати Тоҷикистон Зафар Шарифзода, намояндаи дафтари Душанбеи Фонди авруосиёии муътадилсозӣ ва рушд Далер Шодиев иштирок доштаанд.

Гуфта мешавад, ки Фонди авруосиёии муътадилсозӣ ва рушд (ФАМР) дорои механизми молиявии минтақавӣ бо ҳаҷми беш аз 9 млрд доллар мебошад. Ин фонд соли 2009 аз ҷониби Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

Ҳадафи фонд мусоидат ба суботи иқтисодию молиявӣ дар давлатҳои иштирокчӣ, инчунин дастгирии рушди устувори онҳо мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *