Дар роҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ барф борид

Дар масири Душанбе-Чаноқ, километри 113 то 183 барф боридааст.

Дар ин бора ширкати IRS хабар медиҳад. Ҳоло роҳ кушода буда,  ҳаракати нақлиёт таъмин аст. Аммо боришоти барф идома дорад.

Масъулини ширкат ронандагонро огоҳ мекунанд, ки бидуни омодагӣ ба роҳ набароянд. Зеро тибқи иттилои ин ниҳод боришот то рафт шиддат гирифта истодааст.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи гузашта Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон бо огоҳии фаврӣ аз номусоидии боду ҳаво ва боришоти барфу борон дар аксари манотиқи кишвар хабар дода буд. Ин ҳолат то рӯзи 14-уми ноябр идома мекунад ва дар пайи боришот хатари сар задани сел низ ҷой дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *