Дар Русия арзиши пантенти муҳоҷирон боз боло рафт

Тибқи гузоришҳои расида, нархи патент барои кор дар шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Воронеж, Екатеринбург, Қазон, Краснодар, Омск ва Самараву Челябински Федератсияи Русия аз 350 то 900 рубл боло рафтааст.

Гуфта мешавад, ки афзоиши нархи патент аз соли 2020 барои муҳоҷирони корӣ, ки дар қаламрави Русия фаъолият мекунанд, ба чунин тартиб аст:  Муҳоҷирон дар Маскав ба ҷойи 5000 рубл 5350 рубл, дар Санкт-Петербург ба ҷойи 3800 рубл 4000 рубл, дар  Воронеж ба ҷойи 4274 рубл, дар Екатеринбург ба ҷойи 5183 рубл 5400 рубл, дар Қазон ба ҷойи 3797 рубл 4134 рубл, дар Краснодар ба ҷойи 3697 рубл 4351 рубл пардохт менамоянд.

Тавре хабаргузории Interfax иттилоъ додааст,  тибқи арзёбии пешакии департаменти сиёсати иқтисодӣ ва рушди шаҳрдории Маскав, соли 2019  воридоти маблағ ба буҷет дар шакли андоз аз даромади шахсони воқеӣ барои гирифтани патент аз шаҳрвандони хориҷӣ 18 миллиард рублро ташкил додааст. То нимаи моҳи декабр 427 ҳазор нафар ин гуна ҳуҷҷат гирифтаанд.

Бояд ёдрас шуд, ки Русия аз соли 2015 сар карда муқаррароти доштани ҳатмии патенти корро ҷорӣ кард ва то соли 2019 аз ин ҳисоб ба буҷаи ин кишвар 171 миллиард рубл ворид гардидааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш ба коҳишёбии теъдоди муҳоҷирони тоҷик дар қаламрави Федератсияи Русия ишора карда гуфт, ки теъдоди онҳо аз 1,1 миллион нафари соли 2010 то 486 ҳазор нафар кам шудааст. Вале мақомоти Русия теъдоди муҳоҷирони тоҷикро беш аз 1 миллион мегӯянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *